Бахшҳо
16 ноя 2016 15:31Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Тоҷикистон 916 миллион доллар қарз гирифтанист

Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, то охири соли равон дар назар аст, азхудкунии маблағҳо аз ниҳодҳои молии ҷаҳон ба беш аз 241 миллион доллари амрикоӣ бирасад. Абдусалом Қурбониён ин нуктаро имрӯз, 16 ноябр зимни муаррифии Лоиҳаи барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 изҳор дошт. Тибқи ин барнома, ки вакилони Маҷлиси намояндагон онро қабул намуданд, дар назар аст, Тоҷикистон давоми се соли оянда аз хориҷи кишвар дар ҳаҷми 916 миллион доллар қарз гирад.

Барномаи қарзи берунаи давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019, 58 барнома ва 98 созишномаи қарзиро дар бар мегирад, ки ба таъкиди вазири молия бештар ба бахшҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хизматрасонӣ равона хоҳанд шуд. Ҷаноби Қурбониён афзуд, муҳлати қарзҳо аз 20 то 40 сол ва фоизи онҳо аз 0,15 то 2 дарсадро ташкил медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир қарзи берунаи кишвар ҳудуди 2 миллиарду 276 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ба қавли вазири молия ҳаҷми он ба 35,6 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар мебошад.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба вазири молия гуфт, дар масъалаи самаранок истифода бурдани қарзҳое, ки аз хориҷ гирифта мешавад, чораандешӣ намоянд.
Мӯҳр
иккадар карзорое, ки гирифтесте ки мета карзои шумора?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)