А.Иброҳим: Ду соли охир гӯиё зимистон набуд, имсол омода бошед
Азим Иброҳим, ноиби сарвазири Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта дар Суғд омодагии вилоят ба зимистони солҳои 2016-2017-ро баррасӣ карда, аз омодагиҳои соҳаи хоҷагии манзилии коммуналӣ, шабакаҳои барқии вилоят ва иттифоқи «Тоҷикматлубот» изҳори нигаронӣ кардаст.
Тибқи иттилоияи расмӣ ба ноиби сарвазир гузориш додаанд, ки маблағгузории омодасозии соҳаҳои иҷтимоии вилоят ҳамагӣ 70% иҷро гардидааст. Масъулини вилоят таъкид кардаанд, ки гарчанде маблағгузорӣ пурра таъмин нашудааст, соҳаҳои тандурустию маориф тавонистанд бо 1296 тонна ангишти боқимондаи соли қаблӣ ва нархи нисбатан арзон, захираи лозимии 13 ҳазору 562 тонна ангишту 8291 м3 ҳезумро таъмин созанд.
Аммо ноиби сарвазири Тоҷикистон ба ҳисоботи масъулини маорифи Суғд шубҳанок хондааст. Ӯ сардори Раёсати маорифи вилоятро муваззаф кардааст, ки “шумораи дақиқи синфхонаҳои бо ангишт гармшавандаро муайян намуда, аз рўи меъёри 8/кг рўз, барои як синф талаботи соҳаи маорифи вилоятро дуруст ҳисоб ва пешниҳод намояд, чунки нақшаи талабот шубҳанок менамояд”.
Азим Иброҳим дар хитоб ба масъулин таъкид намудааст, ки имсол омодагии ҷиддӣ бинанд, зеро ду соли гузашта дар қиёс бо солҳои қаблӣ гӯиё зимистон надоштем: “Ба Вазорати молия супориш, ки масъалаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоию низомӣ, чуноне, ки соли гузашта таъкид карда будем, бояд аз аввали семоҳаи сеюм ба роҳ монда шавад, чунки дар қиёс ба солҳои қаблӣ ду соли охир гуё, ки мо асосан бо зимистон рў ба рў нагардидаем”.
Ноиби сарвазир инчунин ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориши қатъӣ додааст, ки масъалаи бе лоиҳа истихроҷи ангиштро хотима диҳанд: «Мо масъул мебошем, ки ҳаҷми истихроҷи ангишти пешгўишавандаро дар доираи лоиҳа ва ҳисобу китоби дақиқ нақшабандӣ кунем ва наметавонем нисбати зиёда аз 210 корхонаи саноатии кишвар, ки фаъолияташонро бо ангишт ба роҳ мондааанд, бетафовут бошем».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |