Исмоил Талбаков дар оромгоҳи Сари Осиё дафн мешавад
Маросими ҷанозаи Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон зуҳри имрӯз дар масҷиди маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоеви пойтахт баргузор мешавад.
Ба гуфтаи наздикони Талбаков ӯ дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок супурда мешавад.
Исмоил Талбаков шаби 16 ба 17 декабр дар синни 61 даргузашт. Ӯ 24 марти соли 1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1990-93 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик ва солҳои 1993-2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд. Ӯ чандин сол муовини раиси Ҳизби коммунист буд ва моҳи июли соли 2016 дар Анҷумани 32-юми ҳизб дар курсии раҳбарӣ нишаст. Талбаков се навбат намояндаи Маҷлиси намояндагон буд. Ӯ солҳои 2006 ва 2013 номзад ба маснади раёсатҷумҳурӣ низ буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |