Бахшҳо

Хориҷ кардани чанд аъзои дигари Иттифоқи нависандаҳо

Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чанд аъзои дигари худро хориҷ кардааст.

Манобеи “Озодагон” теъдоди афродеро, ки ба тозагӣ аз узвияти Иттифоқи нависандагон берун карда шудаанд, ҳудуди 14 нафар гуфтанд.

Ин дар ҳолест, ки 15 сентябри соли равон раёсати Иттифоқи нависандаҳо аз хориҷ кардани 26 узви иттифоқ хабар дода буд. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандаҳо он замон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфта буд, ин иқдом дар доираи дастури ҳукумат барои омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои Иттифоқи нависандагон амалӣ шудааст: “Ин иқдом ба хотири иҷрои банди 25-уми Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №5, аз 8-уми апрели соли 2016 дар бораи омӯзишу таҳлили маҳсули эҷодӣ ва арзёбии сатҳи касбии аъзои ИНТ амалӣ гашта, натиҷаи кори комиссияест, ки ба ин мақсад ташкил шудааст”.

Ба иттилои манбаъ комиссия осори адибонеро, ки солҳои 2014-2015 бидуни омӯзиши ҷиддии маҳсули эҷодашон ба таври дастаҷамъӣ ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудаанд, омӯхта, хулосаҳои худро ба раёсати ИНТ пешниҳод кард: “Дар натиҷаи овоздиҳии якдилона 26 нафар аз узвияти ИНТ хориҷ гардиданд”.

Ато Мирхоҷа таъкид намуда буд, ки меъёр барои муайян намудани аъзои тасодуфии Иттифоқи нависандагон ҳунари шоирию нависандагии онҳо мебошад: “Аъзои тасодуфӣ ба далели мувофиқ набудани сатҳи касбияшон аз узвияти ИНТ хориҷ карда шуданд".
Мӯҳр
Озодагон о киян ҳамонҳоооо

Итифоки нависандагон онхоеро хорич мекунанд,ки дар вактхои охир фаъол нестанд. Яъне хамду сано ба пешво ва чамъи хукумату давлатдорон нанависта имтодаанд.
Ин Итифоки нависандагон клуби хушомадгуякон ё клуби сиёси шудааст вактхои охар.

Мунаккид
Аслан аз руи адолат мешуд ки худи Ато Мирхоча ва раисашро аз ИНТ хорич мекарданд чун эчодиети заиф ва хандаовар доранд
Аз ин ду нафар шоир дида милйон маротиба шоирони шинохтаи аз иттифок беасос хоричшуда ба мисли устод Хазрат Гайрат ва Усмон Сабз шоиртаранд. Агар бовар накунед мархамат аз тарики телевизион шеьрхони мекунем бигзор худи мардуи казоват кунад ки шеьри кадом шоир пурмазмуну дилнишин аст.

Аз узвият ба ин иттифоки на он кадар обруманд чи суд? Бояд хама дастчамъона аз он хорич шаванд.

Тоҷир
Саҳифаҳои интернетиро садборагардон кофтаму тоб додам ягон хислатномаи хуб нисбат ба шахсияти Низом Қосим пайдо нашуд.

Салом ба хамватанон..Аз ин икдом маьлум мешавад ки то омадани 《Устод Низомм Косим》собик раисони иттифок бесавод будан,ки ин шоиронро ба аьзоги кабул карданд,вактеки 《сардафтари адабиети муоси точик устод Низом Косим》сари вазифа омад ба гуфти акаи Низом ки шераш буи шери надорад ин шоирон шоир нестанд.Ин пешноде,ки Иттифоки нависандашон гирифтааст нохурмати нисбати хамаи собик раисони Иттифоки нависандагон мебошад.Шоирони ихрочшуда метавонанд Низома кати Ато ба суд кашанд.Дуне кайхон рафта хона кардаистодаанд,мо Точикон аз кафои проблемахо,ки майда чуйда гаштеееееем..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)