Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 21:44

Узрхоҳии “Сомон Эйр”: Маблағи мусофиронро бармегардонем

23 декабр 2016, 16:19

Ширкати “Сомон Эйр” аз мусофирони худ барои қатъи парвоз ба Русия узр хостааст.

Тимур Бандишоев, сухангӯи ин ширкат мегӯяд, 22 декабр аз Вазорати нақлиёти Русия мактуб гирифтанд, ки парвозҳо ба самтҳои Оренбург, Краснодар, Красноярск ва Иркутск қатъ карда мешавад: “Чунин иқдом бо сабаби аз ҷониби ҳокимиятҳои авиатсионии тарафҳо ба даст наовардани созиш дар масъалаи ба ширкати ҳавопаймоии "Ямал" иҷозат додани парвозҳо аз фурудгоҳи "Жуковский" ба Тоҷикистон ба амал омадааст. Бинобар сабабҳои мазкур, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" маҷбур шуд, ки парвози хатсайрро ба самти Душанбе-Оренбург манъ кунад. Ба мусофирон маблағи барои чиптаи ҳавопаймоӣ сарфкардаашон баргардонида мешавад. Ширкати ҳавопаймоӣ барои эҷод кардани нороҳатӣ аз мусофирон маъзарат мепурсад. Феълан "Сомон Эйр" барои манъ кардани хатсайрҳо ба Краснодар, Красноярск ва Иркутск омодагӣ мебинад”.

Парвозҳои “Сомон Эйр” баъди он қатъ шуд, ки Тоҷикистон ба ширкати “Ямал” иҷоза надод, то аз фурудгоҳи нави “Жуковский” ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвоз кунад. Вазорати нақлиёти Русия ин корро нақзи “созишномаи дар мавриди парвозҳо миёни ин ду кишвар ва инчунин протоколи имзошудаи 7-уми ноябр” унвон кард. Ба дунболи қатъи парвози ҳавопаймои “Сомон Эйр” Тоҷикистон парвозҳо аз шаҳрҳои Краснодар, Уфа, Челябинск ва Красноярск ба самти Душанбе тавассути ширкати "Уралские авиалинии"-ро қатъ кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Кани

  • 23 декабр 2016 17:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хурсанд шудам вакте ТЧ ответ дод. Молодцы
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вой бар холи мухочири сарсахту бечора! Бо ки азоб мекашад, факат мухочири бадбахт!
Посух додан
  • шахрванд

  • 26 декабр 2016 09:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вакто, ки мусофир чиптаро бар мегардонад аз у чарима гирифта мешавад. Пас барои чи ширкат ба мусофир ягон чубронпули намедихад?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!