Нилуфарро аз шаҳри Душанбе пайдо кардаанд
Нилуфар Ортиқова, сокини 27-солаи шаҳри Турсунзодаро шоми панҷшанбеи 5 январ аз шаҳри Душанбе пайдо кардаанд.
Бино ба иттилои наздикони Нилуфар, ӯро раҳгузарон назди Донишгоҳи техникии Душанбе дида, ба пайвандонаш тамос гирифтаанд. Наврӯз Ортиқзода, бародари Нилуфар мегӯяд, ҳоло хоҳараш дар хона қарор дорад.
НАЗДИКОНИ НИЛУФАР: АЗ ДУРБИНҲОИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ҲАМ НОПАДИД ШУД...
Наврӯз Ортиқзода, бародари Нилуфар шоми 4 январ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, хоҳараш, ки бемории руҳӣ дошт, 30 декабр аз ошёнаи дуюми бинои зисташон худро ба поин андохта, гурехтааст: “Ба дунбол падарам ҳам худро аз ошёнаи дуюм ҳаво медиҳад, ки дар натиҷа ангуштони пояш мешиканад”.
Ба гуфтаи Наврӯз, вақти аз тиреза худро ҳаво додан пояш лат хӯрдааст ва дар роҳ кормандони Ёрии таъҷилӣ ҳолаташро дида, ӯро ба беморхона бурдаанд: “Баъдан онҳо Нилуфарро ба ШКД-и Исмоили Сомонӣ мебаранд. Ӯ гуфтааст, ки маро ҷавоб диҳед, ба хонаам меравам”.
Ба гуфтаи Наврӯз, рӯзҳои 30, 31 декабр ва рӯзи 1 январ ӯро тариқи дурбинҳои “Шаҳри бехатар” дар назди хобгоҳи Донишгоҳи аграрӣ, ки Нилуфар онҷо дар курси сеюм таҳсил мекунад, диданд: “Вале аз санаи 2 январ дигар ӯро дар ягон гӯшаи шаҳр тариқи дурбинҳо низ намебинем. Аммо баъдтар фаҳмидем, ки даҳ маротиба ба мағозаи назди хобгоҳи донишкада омада, бо фурӯшандаи он суҳбат кардааст. Мо аз он зан хоҳиш кардем, ки ба Нилуфар гӯяд, ки ӯро интизорем, фурӯшанда ба ӯ гуфтааст, баъди ин вай савори як таксӣ ба самти номаълум рафтааст”.
Нилуфар соҳиби як писар мебошад, ки 2 солу 2 моҳ дорад. Наврӯз мегӯяд, хоҳараш бо квотаи президентӣ ба донишгоҳ дохил шуда, сардори гуруҳ будааст: “Ӯ ҳафтсола таҷрибаи кор дар бонкро дорад, аммо ба бемории руҳӣ гирифтор шуд. Дар гузашта ҳам ду бор аз хона гурехта буд ва ман ӯро дошта оварда будам. Ин маротиб ман дар хона набудам, ки гурехтааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |