Бахшҳо

МТС: Равобити Тоҷикистону Узбакистон ба ҳадде хуб аст, ки тасаввур намекунед

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон аз гармшавӣ ва сатҳи муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дар моҳҳои охир тавсиф кард.

Раиси ин марказ Худойбердӣ Холиқназар имрӯз, 9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ дар хитоб ба хабарнигорон гуфт, “ҳоло сатҳи муносибот ва кори Комиссияҳои байниҳукуматӣ ба андозае мусбат аст, ки шумо тасаввур карда наметавонед”.

Ӯ ба имзо расидани созишнома дар мавриди нақлиётро аз натиҷаҳои муваффақи гармшавии муносибот номид ва изҳор дошт, ки дар фурсатҳои наздик робитаи ҳавоии Тоҷикистону Узбакистон барқарор мешаванд ва ҳоло кори Комиссияҳои байниҳукуматӣ бар сари сода кардани шароити рафтуомад муттамарказ шудааст. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ҳоло кор барои рафтуомади бидуни раводиди сокинони наздимарзии ду кишвар ҷараён дорад ва дар фурсатҳои кутоҳе амалӣ мешавад.

Ҷаноби Холиқназар афзуд, далели дигари бисёр хуб шудани муносиботи Тоҷикистону Узбакистон нишасти матбуотие буд, ки сафири Узбакистон дар Душанбе баргузор кард: “Дар таърихи муносиботи кишвари мо бо Узбакистон ин бори аввал буд, ки сафири ин кишвар нишасти матбуотӣ баргузор намуд ва тамоми мушкилоти мавҷуд дар ин заминаҳоро шарҳ дод”.

Муносиботи Тоҷикистону Узбакистон дар поёни солҳои 90-уми асри гузашта ба сардӣ гароида буд. Ҳамчунин равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистонро низ қатъ карда буд ва тамоми марзҳои худро бо Тоҷикистон минакорӣ намуда буд. Низоми раводид миёни ду кишвар аввали солҳои 2000-ум роҳандозӣ шуд. Тайи ин солҳо миёни Тоҷикистону Узбакистон баҳсҳо ва мушкилоти гуногуне сар зада буд, ки бар пайи онҳо Комиссияҳои байниҳукуматии бо салоҳияте созмон дода шуда буд, ки тақрибан дар ҳамаи давраҳо натиҷа кори ин комиссияҳо бенатиҷа ҷамъбаст мешуд.

Баъди ба қудрат омадани президенти тозаинтихоби ин кишвар Шавкат Мирзиёев муносибатҳои Тоҷикистон Узбакистон ба гармӣ гароид.
Мӯҳр
Вакте бо поезд аз Узбекистон мегузари, соатхо гумрукчиен тамоми колои мардумро мекобанд, хатто занонро аз поен мебинанд. Бо хар бахона чизхоеро, ки. ба онхо маъкул шуданд аз дастат мегиранд, аз кабили телефон, планшет ва гайрахо.... Холо он, ки мардум тарики транзит аз ин давлат мегузаранд. Агар ин масъаларо низ медиданд, хеле хуб мешуд. 4-6 соат вакти мардумро бо кофтуков намегирифтанд.

Саломи бепоёни гарму чушон ба сарварони давлат.Ман хамчун шарванди чумхурии Точикистон хело хушхолам, ки мо аз нав чашм кушода истодаем. Хаминро гуфтаниам, ки рафту омад байни ду кишвари хамсоя ин боиси тенчию амони мардум мебошад. Дар урфият мегуянд ки аз хеши дур хамсояи наздик бехтар. Худои мутоол ин ду рохбари мамлакатро дар панохи худ нигох дорад ва умри дарози бобаракт ва дар корхояшон мувафакиятхо орзумандем!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)