Бахшҳо

Манижаи Давлат: Ба зиндагии ман халал нарасонед...

Манижаи Давлат, хонандаи номовари тоҷик, ки чанд соли охир аз саҳна канор рафтааст, аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ хоста, аз навиштани ҳарфҳои носазо парҳез намуда, ӯро ба ҳоли худ бигузоранд. Зоҳиран, ин паёми Манижа ба онҳое тааллуқ дорад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба қавле ба вай “дарси ислом меомӯзанд”.

Манижаи Давлат дар саҳфаи Фейсбукаш аз як қиссаи шайх Пурдил, руҳонии саршиноси эронӣ дар мавриди паёми пайғомбари Ислом Муҳаммад (с) ба ҳазрати Алӣ замони фатҳи Хайбар ёд овардааст, ки амр дода, қабл аз ин ки ворид бишавед, садо бизанед, шояд мардум мусалмон бишаванд, агар нашуданд, мувозиб бошед, то пирон, кӯдакон, занҳо ва онҳое, ки дар ибодатгоҳ ҳастанд, чи масеҳӣ, чи яҳудӣ накушед. Кишоварзон ва маҳсули меҳнати онҳоро нобуд насозед, танҳо бо онҳое даргир шгавед, ки шамшер гирифта, ба шумо ҳамла мекунанд. Хонум Давлат бо овардани ин қисса таъкид сохта, ки Ислом дини адолату раҳмату бахшиш аст, на дини таҳқиру дашном: “Бӯи хун аз мусалмон намеояд, Ислом парчами сафед аст, бӯи гул аз мусалмон меояд. Хушбутарин гул гули Муҳаммадист ва хуштарин ахлок ҳам ахлоқи Муҳаммадист. Магар мусалмон метавонад одамкуш бошад? Магар мусалмон метавонад ҳақорат бикунад? Ислом дини раҳм аст, дини меӯрубонӣ аст ва мусалмон бораҳмтарин фарди дунёст, ки бо гуфтору кирдори некаш мардумони оламро шефтаи худу динаш месозад ва ҳамеша эҳсону манфиаташ бар дигарон мерасад ва аз он ҳама кардаҳояш ҳеч тақозое надорад. На ин ки мусалмон фарде аст, ки дашному суханҳои қабеҳ бизанад, махсусан занҳоро. ЭЙ МАРДОН!”

Дар идома аз онҳое, ки ба гуфтаи ӯ “пушти пардаи Ислом” таънааш мезананду дашномаш медиҳанд, суол карда, ки “аз шумо ягон хайре ба дигарон расида аст, ки имрӯз ин ҳамаро ба худатон иҷозат медиҳед? Ҳамин аст мусалмонии шумо? Ба чи ҳаққи таънаву дашном медиҳед? Ин ҳақро надоред!”

Манижа навиштааст, ки давоми солҳое, ки “азобҳои руҳӣ” дошт, касе ӯро хоҳари мусалмон гуфта, бародарвор дарашро накуфт ва аз ҳолаш бохабар нашуд: “Агар нафаре ҳам аз барои Худо гуфта кумаке кард, баъдаш гулугирам шуд ва таънасорам кард, маълум шуд, ки ун кирдорҳо аз барои Худо набуда, балки аз барои нафси бадашон буд. Пас фарқ миёни шумову ғайри шумо дар чист?! Ман ин ҳама сол ҳар вазниние, ки сарам омад ба танҳоӣ паси сар кардам ва шукр, ки Аллоҳ бо ман буд, вагарна аз шумо таънае беш надидам...Хеле диламро шикастед ва ин шикастанҳо кумакам кард, то дар зиндагӣ мани худро пайдо кунам ва ақидаи худро дошта бошам дар бобати худшиносиву Худошиносиам. Чи саҳна бароям, чи не, ин қадар ин мавзӯъро бузург кардаед шумо, ҳамчун як фарди ин ҷомеа ҳақ дорам, ки кору фаъолият дошта бошам. Бе унам зиёда аз 11-сол таҳти фишорҳои равонӣ будам, бас аст! Хаста шудам. Ба умеди саҳна набаромадан аз зиндагии оддии худам низ мондам, ин ҳама сол зиндагӣ надоштам фақат вақтро барои худ танаффус медодам. Хоҳишан ба зиндагии ман халал нарасонед”.

“Ман Алҳамдулиллоҳ, ки мусалмонам ва Худовандро Яккаву Ягона ва Офарандаи ҳар ончи ки рӯ ба ҳастӣ оварда аст, мешиносам ва Муҳаммад (с.а.в)ро расули Ӯ. Ба унвони як зан ман то имрӯз на ба шумо ва на ба касе ғайр аз шумо худамро нафурӯхтам ва Иншоллоҳ, ки нахоҳам фурӯхт. Ҳеч кас ҳақ надорад, на шумо ва на каси дигар маро таъна, туҳмат, ҳақорат ва ё маҳкум ба коре бикунад. Бародарони азиз, бозам бародаратон мегӯям хоҳарвор аз шумо хоҳиш мекунам забонатонро аз суханҳои қабех нигаҳ доред, аз дур нишаста мардуми худатонро махсусан занҳоро касе ҳам ки набошанд ин қадар ҳақорату маҳкум насозед! Агар он қадар бихоҳед, ки қарзи бандагии хеш ва салоҳияти динии хешро баҳри беҳбудии онҳо иҷро бикунед, хатоҳои онҳоро тавре бигӯед, ки ба онҳо таъсир бикунад ва агар қабул надоштанд:
Ба сияҳдил чи суд гуфтан вазъ,
Наравад мехи оханин аз санг...”

Яъне, диле, ки мисли оҳани зангзада қабат ба қабат сиёҳ шуда бошад, бо ҳеч санге бо ҳеч сухане намеравад. Суханатонро ҳайф насозед ва дар пеши дигар мардумон бо дашном кардани хоҳару модари хеш фарҳанги диниву тоҷикии худро паст накунед, ин на ба Худову на ба бандагонаш хуш намеояд. Ассалому алейкум ва раҳматуллоҳ ва боқӣ дар паноҳи Худованди якто бошед”,-навиштааст Манижаи Давлат.
Мӯҳр
Хак бар чониби туст, хохари азиз!

Чиш гуфтиян, ита аламш кадай? Укае ира мардм То хози дуст медоран, Шабнаму Нозияву дигару дигарша хамика дуст надоштан! Ё при бад ткзш мондан, НОЗКБЛУЛИ БАД шид..

Safarbek
Бисер гапхои бачо гуфти Манижахон. Факат ба дилат гуш дех, дигараш хама сафсата аст.

Гапи мардумро чи гуш мекуни ? чи гунае ки худатро маъкул аст хамонтавр зиндаги кун, вагарна то охири умр азоби рухи мекаши. Аз худованд ягонкас зуру доно нест... Агар сад куни мардум гапи мегуфтаашро мегуяд ахмият мадех худо хохад хамаш хуб мешавад.

Манижа!!!!! Гунохи ту дар он аст, ки ту такдиратро, ки аз азал дар пешонаат навишта шудаасту онро дида истодаи, аз Аллох нею аз мардум мебини!!! Ин кадар гилаву таъна чи лозим? Маълум аст, ки бемории рухи дори, вагарна.... Ин кадаре ки туро таъриф мекунанд, боз чи мехохи????? Офарини Шабнаму Фарзона, Фируза ва дигар сарояндахо, ки ин кадар онхоро хакорат мекунанд, аммо онхо хапанд ку.... Умуман, ту агар шавхар накуни, ин айби мардум чист??????

Апаи Манижабону ба шумо гуфтаниям, бо сабру таҳаммул бош зеро, ки мардуми тоҷики мо танҳо ва танҳо аз паси ғайбати занон ва дигарон ҳастанд. Намедонам ин мардумро чи шуда бошад телевизионро мемони дуто шикамғавси галструкдор шишта дар бораи куртапушии Манижа ва бруки Шабнамгап зада истодиян фақат ғайбати занонро карда истодиян айб аст айб......

Суханони бехтарин гуфтааст Манижахон, рост мегуяд садкаи яхел марди хозира шавам аз яхел зана бадтар аст занакборин гайбат мекунад бас кунед монен тенчу ором зиндаги кунад чи кор доред дар зиндагии я кас? занкаборин гайбат накуне

Манижабону меги ба худо такя мекнам аммо гапот миллионфоиз дуруган ...Хохари азизам..
шахси ба худо такя мекардаги аз бало наметарса ту боши инқадар сол аз кадом бандааш тарсиди ва мухлисоната да нимарох монди ..

Ориф
Хамеша хак бар чониби хакдор бар мегардад инро фаромуш накунед.
Садхо хакорату дашном.
Садхо даватхои бе ихлос чунин натичадорад
Садхо кумакокхои бо тамаеки хеч савоб надорад балки зарараш бештар хаст
Пас аз у нафоренеки пушти чунинкор парда хастен
Аз инсу пас бар гарден ба суи чехраи асли худатон.!

А духтар чорч вашингтон 90%и кори мардуми чахонро хал мекнад боз одамое хаст ки аз у рози нестанд.
Шумо хам агар ба 90%и одамо макул бошен боз 10% дигараш аз шумо норози ва хар гап мегуяд! ба гуш карда мегарди? коре ки ба худат макул аст кардан гир. одамо аз 50- 1% зиёд овоз мегиранд президент мешаванд... шмо ки 80%и мардум дустат медора гила карда гашти... фикри ягончиро накунед. Факат ба пеш!

TOJIK ZAN
SALOM BA HAMA HAMVATANONI AZIZ..BA MANIJA GUFTANIYAM KI MARDUM DIGAR KOR NADORAND KI FIKRI TUVU ZINDAGI TUYA MEKUNAND..MARDUM HAMA DAR FIKRI ZINDAGIY KORU BORI XUDASHONAND..XAIR YAKVAKT ARTIST BUDI MEDONISTA.IKA KATAGII BADAM NAMEZEBAD..DUYM IN SURATI SATRDOR BARVAKT BUD CHIBA HOZIRASHA NAMONDED..BERUMOL MEGARDADKU..HAMIN ARTISOYA MAN NAFAHMIDAM YA VAKT HOJI MESHAN YA VAKT SATRDOR..BAD MEBINAN KI NASHUD BO ISUSHA MEKAPAN..BAD MARDUM GAP MEZANAN DA..CHI KAHRAT MEKUNAD VAKTE XATOGII TUYA GAP MEZANAN..ODAM DAH ROLA BOZI NAMEKUNA..BALKI YAKXEL MESHA..YAK VAKT ARTISIYA BAS KARD SATR PUSHID BO ARTISIYA SAR KAD SATRA KASHID..XUD MARDUM KAZOVAT KUNED...TO SHAMOL NASHAVAD DARAXT NAMEJUNBAD MEGUYAND...

Ин хама харфхое ки гуфтааст, факат як реклама аст

Манижабону шукри Худованд ва Истиклол кунед. Ба Пешвои миллат ифтихор кунед, ки чунин шароити арзандаро барои бонувон ва модарони точик фарохам сохтаанд. Аз пайи кору зиндагии худ шавед, бечораноливу рекламабозиро катъ кунед. Суруде хонед, ки барои миллат ва Ватан бошад, моро ба Вахдату якдигарфахми барад. Хеч кас шуморо фишор наовардааст. Агар фишор мебуд, шумо як руз аудитория надаромада сохиби дипломи журналист мешудед. Имруз бо номхои ислому пайгамбару мусулмон бечораги накунед.

ман
Мусулмон фокамасту жандапуш аст.
Зи кораш Чабраил андар хуруш аст.
Парво накунед Манижабону. Инхо бо ном мусалмонанд, маънои оятхои мехондаашонро худ намедонанд.

Агар боваркунед дар тули аз сахнаи хунар берун шудани Манижаи Давлат у ба як одаме табдил ёфтааст ки дар хама газетаву мачалахо як рекламаи холи шудааст. Як шумораи газетаи оиларо бе расми уву гапи у нест кадомеашро мехони манижа манижжа манижа.. Хамин як гап хондани ки боши мархамат ба сахна нахондани боши аз паси зиндагит шав. Мон боз мебаромадагист ягон хунарманди хушхиром.. Шумо аз паси гапи мардум мегардед як хел сарояндахо дар Гамбурги Олмон яке дигараш дар Дубай дигараш дар Амрико баромад карда гаштаанд. шумо бошед паси гапи мардуми бекор гаштаед .

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)