Бахшҳо
19 янв 2017 15:31Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Баҳси раис бо сармуҳаррир барои басташавии 2 нашрияи “Тоҷикматлубот”

Ҳусейн Идиев, раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот” қарор кардааст, ки нашрияҳои ин ниҳод-“Набзи Тоҷикматлубот” ва “Файзи истиқлол” баста шаванд.

Ӯ имрӯз, 19-уми январ зимни нишасти хабарӣ далели басташавии нашрияҳоро набудани талабот ба онҳо арзёбӣ кард: “Таҷриба нишон дод, ки маводи ин нашрияҳо ба талаботи кормандони “Тоҷикматлубот” ҷавобгӯ нест. Тасмим гирифтем, таблиғи сиёсатро дар ин соҳа ба таври муосир тариқи сомонаи интернетӣ ба роҳ монем”.

Далели раис, ки маводи нашрияҳои басташуда ба талабот ҷавобгӯ набуд, норозигии Ҳабибулло Ёров, сармуҳаррири ин ду расонаро ба вуҷуд овард. Ӯ дар хитоб ба раис изҳор дошт, ки мушкил на дар мавод, балки дар он аст, ки моликияти соҳа аз даст рафт: “Сабаби қатъ шудан дар ин нест, ки талабот надорад. Моликияти ин соҳаро аз даст додед, бозорҳо фурӯхта шуданд, коргар кам шуд ва ба ҳамин восита талабот кам шуд. Ин маънои онро надорад, ки мавод ба талабот ҷавобгӯй набуд”.

Дар посух Идиев гуфт, изҳор дошт, ки “ман дар доираи ваколати худам барои басташавии инҳо қарор баровардам. Агар тавонед, ки ин нашрияҳо бозоргир шаванд, ман зид нестам”.

Дар ин нишаст кормандони нашрияҳои басташуда аз раис маошашонро талаб карданд, ки ба гуфтаи онҳо давоми 5 моҳи охир пардохт нашудааст.
Мӯҳр
Сорбон
Ин мардаки Точикматлубот одми худаша монданй аст, гап хамин аст. Бинед, Хабибулло баъди рафтани шумо боз дубора чоп мешаванд.

Дилшод аз Душанбе
Ин мардаки Идиев худша ба фикрам калони дунё медонад. Фаҳмидем ваколатҳои зиёд доштаед, ин дар татбиқи сиёсати давлату ҳукумат аст, яъне аз ҷойи кор холи кардани шаҳрвандон.

Аввало раиси чамъияти Точикматлубот НЕ! Мухтарам Журналисттттт.
Раиси Раёсати Иттифокки Точикматлубот. Баъдан барои кур асо гуфтан. Агар панч мох маош нагирифта бошан, ин маънои онро дорад, ки Нашрияи номбурда аз ухдаи пардохти маоши кормандон набаромадаст. Мана хамин сабаби басташудан шояд гашта шуда бошад. на дигару дигарррррр...

Журналисти мухтарам пеш аз оне, ки як номи корхонаро дарч мекуни бо диккат бош.

Нашрия кор карда натавонистаст, ки кормандонашро маош дихад. Аз назари иктисоди гирем агар, чи лозим корхонаи бо зарар фаъолияткунанда дар дилхох соха

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)