Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 май 2019, 12:26

Аз фарҳанги номҳои тоҷикӣ то назорати номҳои русӣ ва Путину Шойгу Ҷӯразодаҳо

31 январ 2017, 10:14

Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯяд, Фарҳанги дуҷилдаи номҳои миллии тоҷикӣ дар арафаи нашр аст.

Масъулини ин кумита дар нишасти хабарии 30 январ гуфтанд, ин фарҳанг аз номҳои писарона ва духтарона тартиб ёфта, бо мақсади навиштани дурусти номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузориҳо тарзи дурусти онҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ нишон дода шудааст. “Ҳадаф аз таҳияи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад”,-таъкид шуд дар нишаст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Шойгу ном кардани як кӯдаки тоҷик дар Русия ҳоло яке аз мавзӯъҳои доғи шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Раҳмон Ҷӯраеви 70-сола, ки бо Путин ном кардани як наберааш расонаӣ шуда буд, ахиран набераи дигарашро Шойгу ном кардааст. Ба навиштаи расонаҳо, ҳарчанд фарзандон сухани вайро нашикаста, кӯдакони худро дар санадҳои расмӣ Путин ва Шойгу ном карданд, вале дар хона ҳардуро то ҳол Расул ва Умар ном мебаранд.

Раҳмон Ҷӯраев 20 сол аст, ки дар Русия зиндагӣ мекунад ва шаҳрвандии он кишварро дорад. Замоне ки набераашро Путин ном гузошт дар суҳбат ба расонаҳо гуфта буд, ба раисҷумҳури Русия эҳтироми зиёде қоил аст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои русӣ мегӯянд, то моҳи марти соли равон вакилони Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро баррасӣ мекунанд, ки номгузориро маҳдуд мекунад. Бар асоси ин тарҳ ба кӯдакон гузоштани номҳои рақам, вазифа, калимаҳои кутоҳкардашудаву вожаҳои дорои таҳқир манъ карда мешавад.


Дар акс Раҳмон Ҷӯраев


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МУЙСАФЕДИ КАМСАВОД МИЛЛАТА ШАРМАНДА КАРД
Посух додан
  • Қӯшқор

  • 31 январ 2017 11:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
-Бар қасди ҳами мардум занта Варвара Петровна ном кун...
Посух додан
  • п

  • 31 январ 2017 11:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахмон Чураев аз афташ аз пиркоммунистхо мебошад. Наберахояшро бошад як умр мазок мекунанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин шахси падхалимро запрет мондан даркор. Миллатро шарманка кард.
Садкаи номхои зебои точики шави.
Посух додан
  • точ

  • 1 феврал 2017 09:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Авало Шойгу ва Путин ном не фомилия .

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!