Иззат Амон: Фаъолиятҳоямонро қатъ мекунем, ба Сафорат муроҷиат кунед
Иззат Амон, раҳбари созмони ҷавонони тоҷик дар Русия аз қатъи фаъолиятҳояшон хабар дод.
Ӯ дар саҳфаи Фейсбукаш навишт, аз рӯзи якшанбеи 5 феврал тамоми фаъолиятҳои худро оид ба ҳимоя аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия қатъ менамоянд: “Ҳамчунин фаъолияти фонди “Кумак”, ки дар қайди Вазорати адлияи Русия номнавис шуда асту аз он фонд то имрӯз ҳазорон ҳамватанонамон кумак дарёфт намудаанд, баста мегардад. Аз ҳамватаноне, ки ниёз ба кумак доранд хоҳиш карда мешавад ба сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва низ консулгарӣ муроҷиат намоянд”.
Иззат Амон дар як суҳбати катбӣ ба “Озодагон” гуфт, созмони ҷавонони тоҷик дар Русия ҳам фаъолияти худро қатъ мекунад: “Маҷбур ҳастем, ки ин корро кунем”. Ӯ далели ин тасмимро “хастагӣ” гуфт ва аз шарҳи бештар худдорӣ намуд.
Фонди “Кумак” аз соли 2010 ба ин сӯ фаъолият мекард ва ба гуфтаи мубтакиронаш ба садҳо муҳоҷири ниёзманди тоҷик ёрӣ додааст. Моҳи апрели соли 2016 баъди он ки Дилбар Гургова, сокини 36-солаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ҳамсари Амрулло Нуров, муттаҳам дар узвият ба гуруҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, изҳор дошт, барои фиристодани фарзандонаш ба мактаб шароит надорад ва мақомот барои ин ӯро ҷарима карданиянд, Иззат Амон гуфт, ҳар моҳ аз ҳисоби фонд 1000 сомониро барои таъминоти ин хонавода равона хоҳанд кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |