Заҳролудшавии маргбори як хонавода аз дуди ангишт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 6-уми феврал дар шаҳри Панҷакент як оила аз дуди ангишт заҳролуд шудааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод фоҷеа тахминан соати 12:00 рух дода, марди 34-сола бо чор узви оила дар дар хонаи истиқоматиашон аз дуди ғализи ангишт заҳролуд шудаанд: “Мутаассифона, дар натиҷа писарбачаи 9-солааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Ду ҳафта қабл дар пайи заҳролудшавӣ аз дуди ангишт дар ноҳияи Рӯдакӣ ду аъзои як хонавода ба ҳалокат расида, ду тани дигар дар беморхона бистарӣ шуда буданд.
Ҳолатҳои заҳролудшави маргбор дар ҳолест, ки ҳафтаҳои охир Тоҷикистонро сардии шадид фаро гирифтааст ва мақомот аз мардум даъват доранд, ки эҳтиёткор бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |