Бахшҳо

Санҷиш алайҳи вазирону мансабдорони дорои душаҳрвандӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 5-уми апрел бо қабули тағйирот ба қонунгузории кишвар доштани душаҳрвандиро ба раиси Хадамоти гумрук, муовинҳояш, раҳбарону сараудиторҳои Палатаи ҳисоб манъ кард.

Абдуманон Холиқзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, тағйироти мазкур идомаи мутобиқсозии қонунгузорӣ ба Конститутсия мебошад. Ба гуфтаи ӯ агар мансабдорони воломақом шаҳрвандии кишвари дигарро қабул кунанд, аз мақомашон барканор мешаванд.

Ба суоли Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки оё феълан ягон мансабдор ё хизматчии давлатии воломақоми кишвар душаҳрвандӣ дорад, Холиқзода гуфт, баъди мутобиқсозии пурраи қонунгузорӣ дар мақомоти давлатӣ санҷиш гузаронда хоҳад шуд: “Агар ошкор шавад, ки мансабдорон дорои душаҳрвандӣ мебошанд, аз вазифа озод карда мешаванд”.

Тағйирот ба Конститутсия, ки моҳи майи соли 2016 қабул шуд, доштани душаҳрвандиро барои аъзои ҳукумату дигар хизматчиёни давлатӣ мамнуъ кард.
Мӯҳр
аҷиб
Ба фикрам ягон 85 фоизи мансабдороя аз кор озод мекунанд.

Офарин, офарин! Ин қонун бояд кайҳо ҷорӣ мешуд. Доштани ду шиноснома як бемаънигист. Бибинед, ҷанҷоли Туркия бо чанд давлати Иттиҳоди Урупо аз чӣ шурӯъ шуд. Маҳз аз ҳамин сабаб. Ман пешниҳод мекунам, низоми душаҳрвандӣ дар қонунгузории Тоҷикистон ба куллӣ аз байн бардошта шавад. Бо доштани имконият ҳар кас метавонад шаҳрвандии дигар давлатро бипазирад, вале дар он сурат бояд шиносномаи Тоҷикистонро бо ду дасти адаб супорад ва, ҳайҳот, гӯён озими он кишвар шавад. Душаҳрвандӣ дар Туркманистон, Словакия қатъиян манъ аст. Олмон низ сари ин масъала дар фикр аст.

Икдоми хеле хуб. Шахсан ман тарафдор хастам. Аммо боз шиносу чурабози карда конунро чап надиханд мешавад.

Аллакай кисми зиёди мансабдорон шиносномахои кишвари дигарро сузонда истоданд

Беном
Дороихои вазиронро хам бисанчен ва дар газетаву телевизор кам накарда бигуед, маоши вазирон чи кадар бошад хохишмандем маълум намоед Болонишинон.

я
шумо гуфтани ки 300 000 точике ки шахрвантдии русия дорад аз он даст кашад ? ё дар ватани худ мухочир шаваду андоз супорад?

дар Вазорати корхои хоричии Точикистон хамон кадар ду шахрванди бисер ки то хол кор карда истода ва дар вазифахои калону хурд чаро чорачуйи намекуненад

Одина
Дар хама ширкатхо шахсони ду шахрванда бисёранд. Хамаи онхоро чавоб медиханд аз кор?

Носкаш
Гуфти гапои мардак ки хаму калоншавандахо аз гражданстваи чехияву олмону англия даст кашанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)