Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 29 май 2017, 18:12

Қазияи Стокҳолм: Нашри акси ронандаи боркаш, ки шаҳрванди Узбакистонаш мехонанд

8 апрел 2017, 11:10

Нашрияҳои норвежии Expressen ва Aftonbladet акси гумонбари ҳамлаи террористӣ дар пойтахти Шветсияро нашр кардаанд. Аз ӯ шаҳрванди 39-солаи Узбакистон ном бурда мешавад ва ба иттилои пулис боркаши хурдеро, ки издиҳомро зер кард, идора мекардааст.

Ба иттилои расонаҳо, аз ин мард, ки дар Шветсия зиндагӣ мекардааст, шиносномаи узбакӣ пайдо кардаанд. Аммо ному насаби ӯро ифшо намекунанд. Гуфта мешавад, ба гуноҳаш иқрор кардааст.

Рӯзномаи Aftonbladet навиштааст, ин мард баъди ҳамлаи Стокҳолм бо қатор ба шаҳри Мэшт рафта, онҷо аз сӯи пулис боздошт мешавад. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ пулиси Шветсия дар робита ба ин ҳамла як нафари дигарро низ боздошт кардааст. Шабакаи телевизионии SVT-и Шветсия гуфтааст, ин мардро дар шаҳри Хюлст, шимоли Стокҳолм дастгир намудаанд. Пулис гуфтааст, эҳтимолан ӯ бо боздоштшудаҳои дигар дар робита ба ҳамдастӣ дар амали террористӣ робита доштааст.

7 апрел дар яке аз хиёбонҳои серодами пойтахти Шветсия як мошини хурди боркаш одамонро зер кард. Пулис аз ҳалокати 4 ва захмӣ шудани 15 нафар хабар дод. Стефан Лёвен, сарвазири Шветсия ин ҳамларо амали террористӣ номид.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!