Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 1 май 2017, 09:27

Ҳушдори Абдулқодирзода аз оқибати майдонбароиҳо ва даъват ба шукри Пешво

12 апрел 2017, 16:39

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гунаҳкори кӯдаккушиҳо дар Сурия ва дигар кишварҳои ҷангзадаро ҷавонони ин кишварҳо хонд, ки ноогоҳона ва бепарвоёна ба майдонҳо баромаданд.

Абдулқодирзода, имрӯз, 12-уми апрел зимни конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ҷавонон омили суботу созандагӣ ва рушди устувор” гуфт, хуни кӯдакону занон дар кишварҳои ҷангзада ба гуноҳи ҷавонони ин кишварҳо рехта истодааст, ки замоне бепарвоёна майдонбароӣ карданд: “Бо ин ҳам хонаи худро вайрон карданду кишварро мубталои фитна намуданд”.

Раиси Шӯрои уламо саодати ду дунёро ба илм рабт дода, гуфт ҷаннат ба бесаводон насиб намешавад: “Ҳаловату роҳати ду дунё тариқи омӯхтани илм ба даст меояд. Бо ибодатҳои кӯр-кӯрона ҷаннат насиб намешавад”.

Ба гуфтаи Абдулқодирзода агар ҷавонон ҳиммати баланд, нияти нек ва иродаи қавӣ дошта бошанд, ҳатман муваффақ хоҳанд шуд: “Аммо агар бепарвоӣ кунанду бар онанд, ки ҳеч чиз намешаванд, онҳо аллакай ҳечанд ва ҳеч мемонанд”.

Раиси Шӯрои уламо мутақид аст, ки агар ҷавонони тоҷик бедор шаванду аз нерӯяшон барои пешбурд кор баранд, ба кишвар ҳеч таҳдиде вуҷуд надорад: “Аммо вой бар ҳоли мо агар ҷавонон туъмаи қувваҳои бадхоҳ шаванд. Ҳама медонанд, ки чӣ гуна бархе гуруҳҳои ҷавононро истифода мекунанд”.

Дар ин шароити пуртаззод Абдулқодирзода барои мардуми Тоҷикистон зарур хонд, ки барои атои роҳбари хирадманд шукри Худоро ба ҷо оранд: “Ман ҳамеша шукр мегӯям, ки роҳбари хирадманду хайрхоҳ насиби мо шуд, ки пайваста дар фикри саодати ҳамагон аст. Ин як неъмат аст ва ин неъмат шукрона мехоҳад”.

Раиси Шӯрои уламо муътақид аст, ки агар ҷавонони тоҷик атрофи Пешвои Миллат ҷамъ шаванд, ҳатман муваффақ мегарданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Беном

  • 12 апрел 2017 17:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Раиси шурои уламо ойо хама гуфтахои шумо аз руи куръон аст?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гапатон 100 фоиз туппа тугрииии....
Посух додан
  • Бекор

  • 13 апрел 2017 12:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Домулло мегуед, ки ҷавонони тоҷик бедор шаванду аз нерӯяшон барои пешбурд кор баранд. Ба кадом кор? якуним миллион марду зуну ҷавонони неруманд дар мардикории пушти дари урусу қазоқ рафтаанд, ки як даҳан нони зиндагии худу аъзоёни оилаашонро ёбанд. Дар мамлакат ҷои кор нест.
Барои ҷавонон туъмаи қувваҳои бадхоҳ нашудан, ҷойҳои кориро ташкил кунед, сафсатаву шиорзаниро бас кунед. Вагарна чихеле, ки худат мегӯи Ҳама медонанд, ки чӣ гуна бархе гуруҳҳои ҷавононро истифода мекунанд.
Посух додан
  • Тчк

  • 13 апрел 2017 16:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз Шумо кормандони озодагон хоҳиши мо ҷавонони муҳоҷири Тоҷикистон ин аст ки агар воқеан ҷасур ҳастед нотарс ҳастед ва озодона кору фаъолият доред ин матлабро ба Абдулқодирзода бирасонед!Ҷаноби Абдулқодирзода Шумо ишкаматон сер кай парвои мардуми гушна доред дар хонаҳатон дар болини гарму нарм катаки карда хоби оё фикр намекуни ки ин нозу карашмаат аз ҳисоби буҷаи муҳоҷирону ҷавонон аст.агар писарат муҳоҷир мешуд шояд мефаҳмиди ки ҷавононро чи водор ба ифротгарои мекунад!
Посух додан
  • Тчк

  • 13 апрел 2017 23:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон чаро матлаби мардумро комилан пахш намекунед.аз чи метарсед ки масалаи Абдулқодирзода ва дигар доғҳои рузмарраи мардумро ба кулли пахш накардед.агар шумоҳам низ тарсед пас дуруст аст бастани сомонаҳо дар тҷк.аз ин бар меояд тули 25 сол ҳамин сомонаҳо буданд ки доду арзи мардумро нарасонданд ва ҷомеаи мадани имруз ба ин мушкили рубару шуданд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!