Бахшҳо

Ҳакималӣ: Амакҳоям моро аз хонаи падарам пеш карданд (ВИДЕО)

Як сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, бародарони падараш манзили қонунии онҳоро соҳиб шудаанд. Ӯ аз мақомот ва раҳбарияти кишвар хоҳиш дорад ба ин қазия расидагӣ ва "ҳақро ба ҳақдор" расонанд.

Ба гуфтаи Ҳакималӣ Ҳакимов, сокини ҷамоати деҳоти Ҳисор амакҳояш манзили падари марҳумашро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд. Муроҷиатҳояшон ба мақомот ҳанӯз натиҷае надодаст. Ӯ ба дафтари “Озодагон” омад ва гуфт, соли 1989 баъди заминларза дар деҳаи Оқили боло ба падараш -- Улфатулло Ҳакимов дар деҳаи Узбакистон қитъаи замин ҷудо мешавад ва ӯ ҳамин манзили акнун баҳсиро бунёд мекунад.

Ҳакималӣ мегӯяд, падараш дар Гвардияи миллӣ кор мекард ва соли 1993 дар давраи бесарусомониҳо кушта шуд: “Баъди ду соли марги падарам бибӣ ва амакҳоям модарамро аз хона пеш карданд ва ӯ шавҳар кард. Моро бибиям калон кард”.

Ба гуфти ӯ, баъди вафоти падараш хона ба номи модараш мегузарад ва соли 2008 дар китоби ҷамоат худи ӯро раҳбари хоҷагӣ сабт мекунанд. Вай гуфт, вақте зиндагӣ мушкил шуд, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт: “Вақти дар Русия будани ман амакҳоям ба ҷамоат ва мақомоти шаҳри Ҳисор муроҷиат мекунанд, ки гӯиё хонаро худсарона ба номи худам кардаам”.



Ҳакималӣ даъво дорад, ки амакҳояш бо сохтакорӣ ҳуҷҷат кардаанд, ки гӯиё қитъаи замин ба бобояш таалуқ дошт: “Дар асл он қитъаи замин моли падарам аст ва дар сертификати қонуние, ки ман дорам 0.8 га замин нишон дода шудааст. Дар ҳуҷҷатҳои сохтаи амахҳоям онро 0.9 га гуфтаанд. Ин ҳама сол тамоми андози заминро ман пардохт мекардам, аммо ҳоло маро дар сохтакорӣ муттаҳам мекунанд”.

Ба гуфтаи Ҳакималӣ Ҳакимов, амакҳояш баҳори соли гузашта ӯ ва бародарашро аз хона пеш кардаанд: “Танҳо як амакам Хайриддин Ҳакимов аз мо ҷонибдорӣ мекунад ва ҳоло бештар аз як сол аст ки дар хонаи ӯ зиндагӣ дорем”.

Ин сокини шаҳри Ҳисор мегӯяд, барои ҳал шудани мушкилаш ба тамоми мақомот муроҷиат намуд, аммо ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ ҳосил нашудааст: “Ҳоло тавассути расона аз кулли мақомот ва раҳбарияти кишвар хоҳиш мекунам, ба мушкили ман расидагӣ кунанд ва хонаи падариамро ба ману бародарам баргардонанд”.

Талоши хабарнигори мо барои тамос бо амакҳои Ҳакималӣ бенатиҷа буд. Шумораи телефони онҳо ё ҷавоб намедод ё нафари гӯширо бардошта мегуфт, шумораро ғалат рақамчинӣ кардаем. Дар сурати пайдо кардани назари онҳо, он дар ҳамин саҳифа нашр мешавад.
Мӯҳр
Пеш мекунанд, ман бовар дорам. Худованд хич касро сагера накунанд. Язна, янга, баъзе инсонхое ёфт мешаванд, хатто бо овози баланд, сагераи бесохиб гуфта таъна хам мезананд.

шохиди Ёвони
Дар хакикат рост аст амак он тараф падар ба хотири занаш фарзандони аз зани аввалаш ки вафот карда буд аз хонаи худашон пеш кард
хеч гох душманатро сагера накунад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)