Бахшҳо

Арзонии манзил. Душанбе пешқадам аст

Нархи манзил дар Душанбе нисбат ба пойтахтҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Русия аз арзонтаринҳо будааст.

Торнамои ENT.TJ навиштааст, арзиши як метри мураббаъ манзил дар Душанбе аз 472 то 868 долларро ташкил медиҳад. Ин рақам дар қиёс ба пойтахтҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле арзон мебошад. Ба иттилои манбаъ, соли 2016 дар Тоҷикистон 1220,3 метри мураббаъ манзил сохта шуд, ки назар ба соли 2015 -- 1,4 дарсад зиёд аст ва бештар он дар пойтахт бунёд шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дар давраи пеш аз буҳрон сохтмони манзилҳо дар ҳоли рушд буд, аммо бо далели буҳрони солҳои охир ва кам гаштани талабот бунёди сохтмонҳо дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст.

Дар ин сомона нархи манзил дар пойтахтҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Русия низ оварда шудааст. Бишкек (Қирғизистон) аз 550 то 1500 доллар барои як метри мураббаъ; Тошканд (Узбакистон) аз 791 то 1800 доллар; Алма-Ато (Қазоқистон) аз 1195 то 1927 доллар; Остона (Қазоқистон) аз 1120 то 1877 доллар; Ишқобод (Туркманистон) аз 1500 то 2750 доллар ва Маскав (Русия) аз 2785 то 3034 доллар барои як метри мураббаъ.
Мӯҳр
Нозим
Охир дар дигар давлатхо маоши кормандон хам баланд аст охир. Масалан, дар Точикистон маоши аз хама камро рубанда 200 сомони гирад ва ба он 4 кг гушт бихарад, дар дигар давлатхо рубандахо ба маошашон 13-15 кг гушт медодааст. Инро тахлил кардаанд олимон.

Самандар
Хонаро ки арзон не бепулхам ки дихан кор набоша зиндаги кардан намешавад ку.

Чаро дар бораи аз хама кам будани маош сухан намегуед.Нархи хона аз маош вобастаги дорад.

Сатҳи зиндагӣ чӣ? Чаро дар ин бора муқоиса намеоред? Як рафиқи ман дар Академияи улуми Тҷ мудири шуъба буда, 1200 сомонӣ маош мегирад. Бо ин маош ӯ агар нахӯраду напӯшад, шояд пас аз 50 сол соҳиби он "арзонтарин хона" гардад!

Сорбон
Аз барои Худо 50 дарсади хонахоро пулдорхо харида холй истодаанд. Ягон фисади онро ичора додаанд. Лекин одамоне, ки дар хакикат бесарпаноханд, имкон надоранд, ки акаллан якхонагй бихаранд. Хаму коррупсионер 32 хонаро чй мекунад? Бояд хамин хонахои холй тафтиш шавад

Аъзам
Пеш аз он, ки нархи хонаро дар Точикистон арзон гуед, бояд нависед, ки дар дигар кишваро чи кадар маош мегиранду дар Точикистон чи кадар. Чаро маош ва кудрати харидории Точикистониёнро ба эътибор намегиред. Дар Казокистон чавонон бо 400-500 доллар кор намекунанд, дар Русия маоши 1000 доллараро кам дониста, ба Амрико коркуни мераванд. Дар Точикистон музди миёна бо маълумоти оли 650-700 сомони - муодиди 70-80 доллар асту бас. Наход, ки журналист, тахлилгар шуда, хамин хакикати оддиро надонед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)