Бахшҳо
17 май 2017 11:03Тоҷикистон / Сиёсат

Вазир: Дар САҲШ танҳо ҳуқуқшиносҳо кор хоҳанд кард

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, тағйирот ба қонунгузории кишварро муаррифӣ кард, ки бар асоси он минбаъд дар идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, “САҲШ”, танҳо афроде ҳаққи кор кардан доранд, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ мебошанд.

Рустами Шоҳмурод, имрӯз, 17-уми май зимни муаррифии тағйирот ба қонун “Дар бораи ба қайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” гуфт, ҳадаф аз ин тағйирот беҳтар намудани сифати хидматрасониҳо дар идораҳои САҲШ мебошад.

Абдуҳалим Ғаффоров, вакили Маҷлиси намояндагон аз вазири адлия дар мавриди тақдири афроде суол кард, ки феълан дар идораи САҲШ кор мекунанд, вале маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд.

Дар посух Рустами Шоҳмурод бори дигар ба зарурати беҳбуди хидматрасониҳо ба шаҳрвандон таъкид карда, афзуд, ба онҳое, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ надоранд, имкон дода мешавад, то дар риштаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил кунанд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи баррасӣ тағйиру иловаҳои мазкурро қабул намуд.
Мӯҳр
Дар идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, “САҲШ”филологҳо (забон ва адабиётшиносон), бояд кор кунанд. Дар радифи ҳуқуқдонҳо, ин ҳаққи ҳалоли онҳост. Мартаба ва мавқеи забон ва адабиёти миллатро бо умеди ҳуқуқдонӣ зери суол бурдед. Аз филологҳо дар ҳалли масоили иҷтимоӣ (хусусан номгузории миллӣ ва дуруст ном кардани номи фарзандон аз лиҳози имлоӣ ва фарҳангӣ) ба нафъи миллати сарбаланди тоҷик фоида баред. Қонунро дар мувофиқа бо ризоияти филологҳо тағйир диҳед. Оё дигарон дар ин маврид розианд? Ман ҳамчун филолог розӣ нестам, ки танҳо афроде ҳаққи кор кардан доранд, ки дорои маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ бошанд. Ин адолати иҷтимоӣ намешавад. Худо аз Шумо розӣ бошад.

Вакил
Аз руи нуктаи Конун гирем дуруст бояд хукукшиносон дар сабти асноди холати шахрванди кор кунанд,аммо он начандон зарурат дорад,ки хамаи кормандон бояд хукукшинос бошанд ба хусус хангоми номгузории фарзандон ва иваз кардани ному насаб аз лихози имлои фарханги хатман филологхо даркоранд чунки пур кардни шаходатномахо ва як катор хуччатхои расмии дигаре,ки ба забони точики пур карда мешаванд бояд ба талаботи Конун дар бораи забон чавобгу буда ви риоя карда шавад

Чаноби Вазир шмо кучора нигох мекнен. Ман бо амри такдир ай Курган да Панчакент мехонам. Боре як рафикам кораш баромад харду САХШ-и Панчакент рафтем. 1дхтар кор мекна хатто маълумоти оли я тараф синфи даху ездах хондаги нест. Хамира чора дида наметонен?

Хукукшиноса мемони филолога мемони баъд чи!

Баъд чи намедони! Ба кисара пур мекни лавро чарбу мемоли мегарди...

Ҷаббор
Боре дар САҲШ-и шаҳри Панҷакент корафтода шудам бовар кунед ҳамаи кормандонаш муносибати хуб доранд ва ва фикр мекунам ҳамаи онҳо дар доираи кори худ дониши кофи доранд аҳсан ба ин кормандони САҲШ-и шаҳри Панҷакент.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)