Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 18 феврал 2019, 14:06

Барои Бузургмеҳр Ёров боз 17 соли зиндон талаб карданд

4 август 2017, 09:53

Додситон бар пояи моддаҳои “таҳқири оммавии Президент” барои вакили дифоъ -- Бузургмеҳр Ёров 5 ва барои “қаллобӣ” 12 соли зиндон талаб кардааст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки Ёров дар гузашта барои 25 сол равонаи зиндон шуд ва ҳадди ниҳойии ҳабс дар Тоҷикистон 30 сол ё ҳабси абадро ташкил медиҳад, хостори дар маҷмӯъ 30 сол аз озодӣ маҳрум кардани ӯ шудааст.

Заррина Набиева, ҳамсари Бузургмеҳр Ёров ба Радиои Озодӣ гуфтааст, мурофиа дар боздоштгоҳи муваққатии рақами яки пойтахт баргузор шуд ва Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ қарор кардааст, Бузургмеҳр рӯзи сешанбеи 8 август сухани охирини худро бигӯяд.

Бузургмеҳр Ёров моҳи октябри соли 2016 ва марти соли 2017 дар пайи ду ҳукми додгоҳ 25 сол ҳукм гирифт. Ӯ дар “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ”, “беэҳтиромӣ ба намояндаи додгоҳ” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” муҷрим шинохта шуд. Баъдан, нисбати ӯ бар асоси моддаи “таҳқири оммавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” парванда боз шуд.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 баъди он ки эълон кард, Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис медиҳад, боздошт шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Tojjk

  • 4 август 2017 10:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Донои захр аст нодони шакараст дар ин дуне
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин аст тақдири ҳар як адвокате, ки "ман мустақилам" гӯяд. Агар пешхидмати прокурору судяҳо бошад, ин хел адвокатро касе ғам намедиҳад. Дар Тоҷикистон хизмати адвокатӣ заррае аҳамияте надорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Tojjk,
Доноёнро дар ҷаҳон маблағҳои калон дода мехононанд ,баъзе вақтҳо аз дигар давлатҳо мехаранд мутухасисони донноро...
Танҳо дар ТҶ донову илму ҳунар хор гаштааст ,мо китобҳои дарсиро барои фарзандон 20 ё 30 мехарем ,вале манбаи илму дониш мактабҳлву китобхонаҳо бо ҳар кг 1 ё 2 сомони бо фабрикаҳои қоғази ташноб мефурушанд.
Ана акнун худатон як андеша кунед ,то чи дараҷа хораст...
Посух додан
  • Масрур

  • 7 август 2017 09:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба ин кабил афрод (Бузургмехр Ёров) хукми абад хам кам аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!