Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 17 июн 2019, 22:44

Хоҳари генерали зиндонӣ: Аз ҳоли ӯ хабар надорам...

8 август 2017, 14:31

Хоҳари Ғаффор Мирзоев, яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки ба ҳукми абад маҳкум шудааст, гуфта, аз ҳолу аҳволи ӯ хабар надоранд.

Оиша Мирзоева дар суҳбат ба “Азия Плюс” изҳор дошта, ки 4 август барои бародараш ғизо бурд, аммо дастхати ӯро дарёфт накард: “Одатан баъди он ки ғизоро мегирифт, маъмурини маҳбас ба ман хатчаеро медоданд, ки бародарам тасдиқ мекунад, онро гирифтааст. Ин навбат ман аз вай чизе нагирифтам”.

Хонум Мирзоева илова намуда, ки бовар надорад, бародараш худро хуб эҳсос кунад. “Ҳар се моҳ як бор иҷозати дарёфти ғизо ва дар як сол ду бор ҳаққи дидорро дорад. Бори охир ман ӯро 20 май дида будам. Он вақт саломатиаш хуб буд. Аммо баъди он ки 26 июл ба ман аз СИЗО хабар доданд, ки бародарат бо далели баррасӣ нашудани парвандааш гуруснанишинӣ кардааст, бовар надорам, вазъаш хуб бошад”,-гуфтааст Оиша Мирзоева.

Дар ҳамин ҳол, 3 август Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон гуфт, хабарҳо дар бораи гуруснанишинии Ғаффор Мирзоев дар маҳбас асос надоранд. Ализода дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе таъкид намуд, ин мавзӯъро баррасӣ карда ва маълум намудаанд, ки ин хабарҳо бепояанд. Зимнан, ба гуфтаи ӯ, хоҳари Ғаффор Мирзоев ба онҳо муроҷиат намудааст: “Мактубҳои хоҳараш омад, ки мехоҳад бо намояндаи ваколатдор мулоқот кунад. Мо гуфтем, марҳамат моҳи оянда боздид аз маҳбасҳо дар назар аст, мо мулоқот мекунем”.

Охирҳои моҳи июл Радиои Озодӣ аз қавли хоҳари бузурги Ғаффор Мирзоев -- Оиша Мирзоева навишт, бародараш 22 июл даст ба гуруснанишинӣ задааст. Ба гуфтаи хонум Мирзоева, Ғаффор қаблан унвонии Дастгоҳи Президент ва ба раиси он Озода Раҳмон нома навишта, гуфтааст, агар посухе дарёфт накунад, даст ба гуруснанишинӣ мезанад. Мирзоева гуфта, ки бародараш ба ин бовар аст, ки номаҳояш ба раиси ҷумҳур ва Дастгоҳи раёсати ҷумҳур намерасанд, вагарна бархӯрд ба ӯ бояд дигар мешуд.

Ғаффор Мирзоев 61 сол дошта, моҳи августи соли 2004 боздошт ва баъди ду сол зиндонӣ шуд. Ӯро аз ҷумла дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва куштор муҷрим шинохтанд. Моҳи май дар як нома ба расонаҳо ин генерали зиндонӣ навишта буд, ки иттилои расонаҳо дар бораи инки яке аз ҷурмҳои ӯ "хиёнат ба давлат" аст, воқеият надорад. Вай аз журналистон домангир шудааст, ки ин айбро ба гардани ӯ бор кардаанд. Ғаффор Мирзоев аз дохили зиндон паём дод, ки ҳаргиз бо моддаи 305-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “хиёнат ба давлат”, айбдор нашудааст.

Мирзоев дар гузашта ба ҳайси фармондеҳи Горди президентӣ, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!