Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 19 июн 2019, 00:24

Президент гуфт, 95 сокини Бохтар ҷангҷӯ шудаанд

16 август 2017, 09:47

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 16 август дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Бохтар гуфт, тайи панҷ сол 95 сокини ин ноҳия ба ҷангҳо дар хориҷи кишвар пайвастаанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки аз 95 нафар 35 нафарашон ҷавонон мебошанд, ки бо мақсади иштирок дар амалиёти ҷангӣ ба давлатҳои хориҷӣ рафта, ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд.

Раисиҷумҳур афзудааст, ки то имрӯз 17 ҷавони ноҳияи Бохтар дар ҳудуди давлатҳои даргир ба ҳалокат расидаанд: “Дар чунин шароит мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошем, шукронаи неъмати муқаддасу бузурги зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ кунем ва ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллиамон аҳлона заҳмат кашем”.

Ба гуфтаи сарвари давлат давоми панҷ соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ноҳияи Бохтар 48 ҷинояти дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ошкор гашта, нисбати шахсони гунаҳкор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардид: “Мубориза бар зидди ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм таҳти назорати ҳамарӯзаи мақомоти дахлдор қарор дошта, бо мақсади ошкор ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандони кишвар, бахусус, ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, аҳли маориф ва зиёиёну фаъолон вазифадоранд, ки барои рафъи чунин ҳодисаҳои номатлуб ва доғдоркунандаи номи неки миллат ва давлати тоҷикон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинон ва махсусан, наврасону ҷавонон ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин тоифаро дар Тоҷикистон таҳти назорат қарор медиҳед, вале дар муҳоҷирати меҳнатӣ онҳоро назорат карда наметавонед. Онҳо асосан дар Русия пайрави ақидаҳои салафия мешаванд. Дар як квартира 20-30 зиндагӣ мекунанд. Яке аз онҳо, ки ифротӣ мебошад, оҳиста-оҳиста дигаронро ҳам заҳролӯд мекунад. Онҳо вазифаи дунявии худро дар ҳамин мебинанд ва тайёранд, ки дар ин роҳ ҷони худро қурбон кунанд. Он ҷангиёни тоҷики Сурия ва Ироқ асосан аз Русия ба онҷо рафтаанд. Аз ин хотир, то қадри имкон пеши роҳи муҳоҷирати меҳнатиро гирифтан даркор. Бо ҳар қиймате, ки бошад. Ба касе мефорад ё не, бояд дар Тоҷикистон ҷойҳои кор бо маоши муносиб ташкил карда шаванд. Дигар илоҷ нест.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!