Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 10:37

Сабукӣ: Ҳукумат бо қолинҳои тоҷикӣ ҷои хориҷиҳоро танг карданист

19 август 2017, 11:15

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат вуруди технологияи истеҳсолиро барои корхонаи “Қолинҳои Суғд” аз андозу боҷи гумрукӣ озод намудааст.

Тибқи қарори ҳукумат, ки ахиран имзо шуд, маҷмааи технологияҳои истеҳсолӣ ва дастгоҳҳои дигар аз сӯи “Қолинҳои Суғд” бидуни пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ворид карда мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули барномаи рушди қолинбофӣ дар кишвар то соли 2020 талош дорад, ки маҳсулоти ватанӣ ҷои қолинҳои хориҷиро дар бозору хонаи мардум бигиранд. Тибқи иттилои Вазорати саноат агар истеҳсоли қолинҳо ва маснуоти қолинӣ соли 2010 ба 558 ҳазор метри мураббаъ баробар шуда бошад, 6 моҳи соли равон ин нишондод ба 1 миллиону 257 ҳазор метри мураббаъ баробар гардид ва ин нисбати нимсолаи 2016 беш аз 90 фоиз афзоиш ёфтааст.

Соли гузашта ҳукумат барои тавсеи истеҳсолоти ватанӣ боҷҳои гумрукии воридотӣ ба маҳсулоти қолиниро аз 15% то 30 % баланд бардошта, боҷҳои гумрукии воридоти ашёи хомро барои истеҳсоли қолинҳо лағв намудааст.

Феълан дар кишвар 11 корхонаи қолинбофӣ-ҶММ «Сиддиқи Содиқ» н.Бохтар, ҶММ «Қолинҳои Суғд», ҶММ «Тафтекс» ш. Гулистон, ҶММ ШИС «Нигор»-и Хуҷанд, ҶММ «Рухсора» ш. Хуҷанд, ҶММ «Биби Ҳалима» н. Қубодиён, ҶММ «Қолинҳои Сомон» ш. Хуҷанд, ҶММ «Шероз» ш. Хуҷанд, ҶДММ «Гулвард» н. А. Ҷомӣ, КВД «Гулдастон» ш. Душанбе, ҶММ «Мавлонои Румӣ» ва ҶММ «Тоҷ-Фейза» н. Рудакӣ фаъолият доранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!