Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 14 декабр 2018, 01:39

Худкушии духтари ноболиғ баъди тӯйи ҳамсоя

31 август 2017, 10:47

Фотима, хонандаи мактаби миёнаи №21-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ даст ба худкушӣ задааст.

Мақомоти маҳаллӣ бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфтанд, ҳодиса 28 август дар манзили истиқоматии марҳум, дар деҳаи Чаҳордараи ноҳияи Ҳамадонӣ рух додааст.

Ба иттилои манбаъ Фотима тахминан соатҳои 11 ба 12-и нисфирӯзи, ба ҳамом даромада, худро ба дор овехтааст: “Модараш ба хонаи ҳамсоя меравад, Фотима ба ҳамом даромада, дарашро аз дарун маҳкам мекунаду худро меовезад”.

Сокинони деҳаи Чаҳордара мегӯянд, Фотима як рӯз қабл аз маргаш дар туйи ҳамсояаш ширкат дошт ва вазъи саломатию ҳолати руҳияш хуб менамуд.

Мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, худкушии ноболиғро таҳқиқ хоҳанд кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • нннн

  • 31 август 2017 12:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нофахмо.Фотима, хонандаи мактаби миёнаи №21-и ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ даст ба худкушӣ задааст.

Мақомоти маҳаллӣ бо тасдиқи ин хабар ба “Озодагон” гуфтанд, ҳодиса 28 август дар манзили истиқоматии марҳум, дар деҳаи Чаҳордараи ноҳияи Ҳамадонӣ рух додааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба нннн
Аввал ин ки бехтар мебуд, ба чои "нннн" номи волидайн, ки бо армону хавас гузоштаанд, менавистед. Дуввум ин ки Фотима дар хорича тахсил намекардааст, зодаи нохияи Мир Саид Алии Хамадони буда, дар нохияи Вовеъ тахсил мекардааст....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!