Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 17 июн 2019, 21:34

Сокини Файзобод: Дар хонаи харидаи ман каси дигар зиндагӣ дорад...

5 сентябр 2017, 11:05

Як сокини ноҳияи Файзобод мегӯяд, дар манзиле, ки ӯ харидааст, нафари дигар зиндагӣ дорад.

Гулистон Ғаюрова, сокини Ҷамоати шаҳраки Файзобод гуфт, соли 2016 дар кӯчаи Раҳимии шаҳри Душанбе бо арзиши 160 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 42 метри мураббаъ хона харид. “Тибқи ваъдаи соҳибкор Карим Муҳаммадшоев бояд моҳи ноябри ҳамон сол бояд хонаро ба мо медоданд, аммо корҳои сохтмонӣ то моҳи майи соли равон идома кард. Вақте моҳи май хостем ба хона бикӯчем, онҷо зани дигаре зиндагӣ дошт”,-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи хонум Ғаюрова, баъдтар фаҳмид, ки дар асоси уҳдадорӣ соҳибкор бояд он занро бо хона таъмин мекардааст, аммо намедонем, ки барои чӣ вай дар хонаи харидаи мо иқомат дорад. Ин сокини ноҳияи Файзобод мегӯяд, аз моҳи май ин ҷониб ба додгоҳ, додситонӣ ва шаҳрдорӣ муроҷиат кард, вале ҳанӯз мушкилаш ҳал нашудааст. Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Гулистон Ғаюрова, ҳоло Оҷонсии зидди фасод нисбати соҳибкор Карим Муҳаммадшоев парванда боз кардааст: “Падари соҳибкор бошад, гоҳе ваъдаи бозпас гардонидани маблағ ва гоҳе харида додани хонаро медиҳад, аммо ҳанӯз иҷро накардааст”.

Ин зан таъкид намуд, ки ба хотири фарзандони донишҷӯяш хонаи дар ноҳия доштаи худро фурӯхта, пулашро барои хариди хонаи нав сарф кард ва ҳоло дар пойтахт иҷоранишин аст: “Шавҳарам дар Русия кор мекунад. Вазъият ба худатон маълум аст. Панҷ фарзанд дорам, ду нафарашон донишҷӯянд”.

Ӯ мегӯяд, барои омодагӣ ба соли нави таҳсили фарзандон ва гирифтани иҷора аз бонк 20 ҳазор сомонӣ қарз гирифтааст, аммо намедонад бо тамом шудани ин маблағ чӣ кор мекунад: “Ягона умедам ба мақомоти дахлдор, ба вижа шаҳрдори Душанбе аст. Умедворам, дар ҳар чи зудтар ҳал шудани ин мушкил ёрӣ мерасонанд”.

Талоши хабарнигори “Озодагон” барои пайдо кардани наздикони соҳибкор бенатиҷа буд. Дар сурати дастрас шудани назари онҳо дар ҳамин саҳифа нашр мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачабо накардантон мардуми махмадонои Файзобод я ду нафартона хамихел кнан одам мешен.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!