Тоҷикистон дар гузориши дараҷаи хушбахтӣ мавқеашро 10 зина беҳтар кардааст
Тоҷикистон дар гузориши ҷадиди дараҷаи хушбахтӣ - World Happiness Report 2017 миёни 155 давлати дунё дар ҷойи 96-ум аст.
Ин гузоришро намояндагони Донишгоҳи Колумбия, Мактаби иқтисодии Ванкувер ва Маркази таълими иқтисодии Лондон таҳия кардаанд. Дар он меъёрҳои шохиси зиндагӣ, ҳаҷми даромади миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ, дастгирии иҷтимоии давлат, сатҳи тандурустӣ, озодии интихоб, саховатмандӣ, фасод, ташвишҳо тайи як соли гузашта ва дигар омилҳо ба назар гирифта шудаанд.
Гузоришгарон ба асоси ин меъёрҳо Норвегия, Дания ва Исландияро ба сегонаи кишварҳои хушбахтарин шомил кардааст. Аз миёни кишварҳои ИДМ хушбахттарин афрод, сокинони Узбакистон арзёбӣ шудаанд. Ин кишвар дар зинаи 47-ум нишастааст. Қазоқистон -60, Молдавия -56, Русия -49, Литва – 52 , Беларусия – 67, Туркманистон-59, Латвия – 54, Эстония – 66, Озарбойҷон – 85, Қирғизистон– 98, Тоҷикистон – 96, Украина -132 ва Гурҷистон дар мақоми 126-ум ҷой гирифтаанд.
Мавқеи 96-уми Тоҷикистон дар раддабандии хушбахтӣ дар ҳолест, ки соли гузашта кишвари мо аз нигоҳи хушбахтӣ дар ҷои 100 ва аз ин пеш дар зинаи 106 қарор гирифта буд.
Ба даҳгонаи кишварҳои бадбахттарини дунё Яман, Судони Ҷанубӣ, Либерия, Гвинея, Того, Руанда, Сурия, Танзания, Бурундӣ ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ шомил гардидаанд.Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |