Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:48

Гадоев гум шуду оилааш пароканда

14 сентябр 2017, 09:34

Босумбой Гадоев, сокини ҷамоати Тоғояки ноҳияи Спитамен буда, соли шашум аст, ки дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дорад. Ин мард ҳамагӣ 34 сол дошта, аз соли 2010 рӯ ба муҳоҷират овада, пас аз як соли дар ФР қарор доштан ба намозхонӣ шурӯъ кардааст.

Ба гуфти хоҳари Босумбой замоне ки бародар оиладор шуд ҳамсараш на намозхон буд ва на сатрбанд, аммо охирҳои соли 2010 Гадоев ҳамсарашро барои сатр гирифтан ва намоз хонда маҷбур кардааст:
- Бародарам дар оила ягона такягоҳ ва пушту паноҳи модар-падарам буд, вале аз соли 2011 аз ӯ на ном ҳасту на нишон. Баъди се соли интизорӣ ва бемориҳои пайдарпай аз фироқи фарзанд аввал модарам, баъдан хоҳарбузургам ва ниҳоят соле қабл падарам фавтиданд. Ҳар кадоме аз марг пеш ҳамагӣ як сухан доштанд: -Кош Бомусбой пайдо шуда меомаду бо хотири ҷамъ мемурдем...бо гиря нақл мекунад-Мафтуна Гадоева-хоҳари кенҷагии Босумбой Гадоев.

Бесаводии динӣ ба доми ҳизбу ҳаракатҳо меафтонад

-17 сол аст ки дар ин масҷид вазифаи имомиро бар дӯш дорам. Ростӣ солҳои 2010-2011 вазъият, яъне ба ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф пайваст шудани ҷавонон хеле ташвишовар буд. Шукрона, ки имрӯз корҳои пешгирикунӣ ва фаҳмондадиҳии кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони маҳаллаву ҷамоатҳо ҷоннок аст ва сафи ҷавонон ва умуман сокинони ба ҳаракатҳои экстрамистӣ-террористӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ кам ба назар мерасад. Омор ва мушоҳидаҳо нишон дода истодааст, ки солҳои охир-ба хусус соли шумораи ҷавонони роҳгум ба маротиб кам шудааст-мегӯяд Узоқов Ҳусанбой, имомхатиби масҷиди панҷвақтаи “Имомҳусейн”-и ҷамоати деҳоти Тағояк.

-Ба масҷиди мо аксаран насли калонсол ва миёнасол меоянд, ҷавонон намозашонро дар хона мехонанд. Гоҳо рӯзҳои ҷумъа меоянду халос. Мо ҳар намози ҷумъа аввалан дар бораи моҳияти асосии оятҳои қуръонӣ ва мақсади асосии ин китоби муқаддас таъкидҳо мекунем. Зеро имрӯз бархе аз ҷавонони роҳгумзада динро нодуруст омӯхта, бо тафаккури танги динӣ ҳам ҳаёти худро зери хавф мемонанду ҳам ҳаёти оилаашонро. Аз ин рӯ яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз пайвастан ба ҳизбу ҳаркатҳои динӣ-экстремистӣ огоҳии дурусти динӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ аст-меафзояд ӯ.

Шӯҳрат: Аз ҷамоати мо 9 нафар дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ ҳастанд

Гадоев гум шуду оилааш парокандаАз соли 2010 то имрӯз аз ҷамоати мо 9 оила беному нишон гум шудааст ва нисбати ҳамаи онҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, дар кофтукоби расмӣ қарор доранд. Вазъияти ҳамаи ин хонаводаҳо ба мо маълум, ҳамаи онҳо расман бекор буданд ва дар ҷамоат ба корҳои деҳқонӣ машғул мешуданд. Маҳс аз сабаби бекорӣ рӯ ба муҳоҷират оварда буданд. Ба хусус 9 оилае, ки дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доранд ҳама аввал ба ФР рафта, баъдан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хатарнок пайвастаанд. Оилаи Босумбой Гадоев низ яке аз оилаи осебпазир дар ҷамоат ба ҳисоб меравад, ки 6 сол боз ҳоли ташвишовар дорад. Илова бар он ки Бомусбой ягона ноновари оила берадак аст, оилаи онҳо бисёр шароити танги иқтисодӣ доранд, ки ба кӯмаки моддӣ ниёз доранд. Албатта аз ҷониби раиси ҷамоат кӯмаки яквақта расонида шуда истодааст, аммо ин барои зиндагии шоистаи онҳо кофӣ нест-гуфт дар сӯҳбат ба мо муовини ҷамоати Тағояк-Шӯҳрат Бердиёров.

-Босумбой аслан ҷавони бад набуд ва аз замоне, ки мешиносам ба корҳои деҳқонӣ машғул буд. Ба ягон неку бад кор надошт ва то ин дам ба қавле ягон “нарушение” накарда буд. Дар ватан ба деҳқонӣ ва дар муҳоҷират ба корҳои сохтмон машғул буду нони ҳалол меёфт. Аммо баъди рафтуои зиёд ба мулки рус тағйир ёфту оилаашро сарсон кард. Модару падари пири ӯ дар ҳасрати фироқи ягона писарашон ҳарду ҳам бемор шуда фавтиданд. Хоҳарбузургаш низ мусибати ба сари хонаводаи падар омадаро бардошта натавониста ғӯрамарг шуд. Илова бар ин ду фарзанди ноболиғаш ятим ва овора шуданд. Азбаски шароити иқтисодии ин оила танг аст мо аз ҷамоат ба қадри имкон ёрии моддӣ мерасонем, вале кӯмаки яквақтаи мо наметавонад вазъи зиндагии онҳоро хуб гардонад. Айни ҳол нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад-афзуд Бердиёров.

Масъулин чӣ мегӯяд?

Дар хусуси пайвастшавии сокинони минтақаи Суғд ба ҳизбу ҳаркатҳои мухталифи террористӣ –экстремистӣ, ба хусус онҳое, ки дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон гуфт: -Аз 1188 нафар ҷинояткорони кофтуковшаванда 297, ( аз соли 2010 то соли 2017) нафар дастгир ва аз 194 нафар шахсони беному нишон гумшуда129 нафар дарёфт карда шуданд. Аз ин теъдод 18 нафар, аз ҷумла 4 нафар ҷинояткорони барои содир кардани ҷиноятҳои раванди террористӣ-экстремистӣ ҷустуҷӯшаванда аз хориҷи кишвар баргашта, ихтиёран ба шӯъбаҳои Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳозир шудаанд.

Раиси суд ноҳияро яке аз ноҳияҳои осебпазир хонд

Имрӯз дар вилояти Суғд шаҳрҳои Исфара, Истаравшан ва ноҳияи Спитамен маҳалҳои осебпазир аз ҷиҳати пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои ифродӣ арзёбӣ мешаванд. Ба гуфти Раиси суди ноҳияи Спитамен Лоиқшо Зикирзода ноҳияи Спитамен аз ҷиҳати осебпазирӣ дар ҷойи сеюмқарор дорад, яъне баъд аз шаҳрҳои Исфараву Истаравшан.
-Соли 2016 судяҳои ноҳияи Спитамен 6 парвандаро нисбати 7 нафар мавриди пайвастан ба гурӯҳҳои ифродӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Аз ин теъдод 2 нафарашон дар ҷангҳои мусаллаҳонаи давлатҳои исломӣ иштирок кардаанд ва ҳардуи онҳо ҳангоми бозгашт аз ҷониби кормандони ниҳодҳои қудратии Русия ва Тоҷикистон боздошт шуданд. Дар шашмоҳи соли 2017 бошад парвандаи се сокини ҷамоати Куруши ноҳия, ки бо моддаи 307 ва 187-и КҶ ҶТ парванда боз шуда буд, мавриди баррасӣ қарор гирифт ва айни ҳол ҳарсе адои ҷазо мекунанд. Дар бобати нафарони ҷустуҷӯшаванда танҳо баъди дастгир шуданашон метавон маълумоти кофӣ дод, зеро ҳар кадоме онҳо бо ҷумҳуриҳои гуногун ва муҳлатҳои гунонун дар ҷустуҷӯ ҳастанд, аз ҷумла шаҳрванд Гадоев Бомусбой...

Ин аст тақдири талхи як ҷавони раҳгумзада-Гадоев Бомусбой ва вазъи зиндагии ӯ. Имрӯз худ бедарак, волидонаш зери хоки сард, ду кӯдакаш ятим ва дигар аъзоёни оилааш ғамгину мазлум ва сархам. Ин “сархам”-ро хоҳари Бомусбой-чунин шарҳ дод:-Баъди бедарак шудани бародарам низдикону пайвандонамон ба қавле “рӯ гардондаанд”. Борҳо ба гӯши худ шунидам, ки яке ба дигаре мегуфт: “бо инҳо рафтуомад накунед, ки шумоён низ дар бало намонед. Барои муносибати хешутаборӣ як рӯз не як рӯз пурсуҷӯ мекунанд...” ҳамсояҳо низ чун пештара муносибати гарм надоранд ва ин ҳама “Болои сӯхта намакоб аст”...

Фарзона МУРОДӢ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи “Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон” омода шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!