Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:47

Қиссаи қаҳрамонии зани тоҷик дар BBC: Санг шуду таслими таҷовузгарон не...

9 октябр 2017, 15:18

Никол Бенет Файт, донишҷӯдухтари 18-солаи амрикоӣ, барандаи ҷоизаи “Journey of a Lifetime” - “Сафари якумрӣ” дар бораи шикастнопазирии занони тоҷик қисса кардааст, ки тариқи BBC пахш гардид.

Гузориши 6 дақиқаии Никол Беннет, ки аз ҷониби “ВВС” ва ҷамъияти салтанатии ҷуғрофӣ “Royal Geographic Society” муаррифӣ шудааст, дар доираи сафари 6 ҳафтаинаи муаллиф ба Тоҷикистон таҳия шуда, аз қаҳрамонии занони тоҷик ва шароити зиндагии онҳо қисса мекунад.

Никол Беннет Файт гузоришаш зери унвони “Тоҷикистон: Пайдоиши зан аз санг”-ро аз водии Яғноб таҳия кардааст. Дар гузориш гуфта мешавад, “800 сол қабл, вақте артиши Чингизхон ба минтақаи тоҷикнишин ҳамла мекунад, Хоҷа Гулистон, зани маҳаллӣ аз таслим ба таҷовузгарони муғул, табдилёбӣ ба сангро авлотар донистааст”.

Муаллиф инчунин аз шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии занони тоҷик гузориш додааст.

Никол Беннет Файт меҳмоннавозӣ ва самимияти мардуми Тоҷикистонро махсусан таъкид кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!