Як сокини 53 солаи пойтахтро бо ҷурми қаллобӣ боздошт каданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, Ҳасан Изатуллоеви 20 сола, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо ариза ба мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино-2 муроҷиат намуда гуфтааст, ки Нисо Иброҳимова, сардори гурӯҳи ширкати «Квенетс» бо роҳи фиреб ба боварии ӯ даромада, 22 000 доллари амрикоияшро гирифтааст. Хонуми Иброҳимова ба Изатуллоев ваъда кардааст, ки ӯро дар ширкати мазкур ба кор қабул мекунад, аммо маблағи мазкуро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст.
Феълан тафтишоти ин қазия идома дорад.
Мӯҳр