Бахшҳо

Вазорати маориф ғолибони олимпиадаи байналмилалиро қадрдонӣ кард

Вазорати маорифи Тоҷикистон хонандаҳоеро, ки дар олимпиадаи шаҳри Вашингтони Амрико ғолиб омаданд, қадрдонӣ намуд. Маҳмудхон Шоев, сухангӯйи вазорат зимни ташреҳи ин хабар ба Озодагон гуфт, дар мулоқот ҷонишини аввали вазири маорифи Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов аз аҳамияти олимпиадаҳо сухан карда, таъкид сохт, ки вазорат ба эҳё кардани ҳаракати олимпӣ ва навъҳои дигари олимпиадаҳо дар кишвар сайъ мекунад. Ба иттиллои манбаъ, баъдан Шокирҷон Гадоев, директори Маркази кор бо мактаббачагони шоистаи ҷумҳурӣ, ба тақвияти гуфтаҳои Фарҳод Раҳимов изҳор дошт, ки агар соли 2008 хонандаҳои лаёқатманди тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 42 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ оварда бошанд, имсол то 1-уми август теъдоди онҳо ба 121 расидааст- 21 нишони тилло, 40 нуқра ва 60 медали биринҷӣ. Манбаъ инчунин афзуд, дар ҷамъомад зикр шуд, ки иштироки толибилмони мо дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ барои шинохти истеъдодҳо аҳамияти воқеан ҳам калон дорад. Дар ҷамъбасти маҷлис муовини аввали вазири маориф Фарҳод Раҳимов тӯҳфаҳои хотиравиро ба ғолибони олимпиадаҳо супурд. Ёдовар мешавем, дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки аз 21-ум то 30-юми июл дар ИМА сурат пазируфт, аз фанни химия хонандаҳои литсейи муштараки туркӣ-тоҷикии ба номи Ҳоҷӣ Камол – Улуғбек Баротов медали тилло, Маъруф Болтабоев ва Хомидхоҷа Холиқов  медалҳои биринҷӣ ба даст овардаанд. Сухангӯйи Вазорати маориф афзуд, ба хонандаҳои литсейи муштараки Тоҷикистон ва Русия- «Ҳотам ва ПВ», ки аз олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (Аргентина) 3 медали бириҷӣ, аз олимпиадаи фанни физика (Ҷумҳурии Эстония) як нишони биринҷӣ оварданд, низ тӯҳфаҳо дода шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)