«АгроИнформ», як ташкилоти вижа, ки вазъи бозорҳои Тоҷикистонро меомӯзад, дар ин бора ба Озодагон иттилоъ дод.
Манбаъ афзуд, тоҷирони бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд дар қиёс ба бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе як кило бодомро беш аз як маротиба гарон мефурӯшанд: «Ба ҳисоби миёна нархи як кило бодом дар бозори «Панҷшанбе» 55 сомонӣ аст, ки ин нишондод дар бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе баробар ба 26 сомонӣ мебошад».
Ба қавли манбаъ, аз ҳама нархи гарони бодом пас аз бозори «Панҷшанбе» дар бозори марказии ноҳияи Рашт мушоҳида карда шуд, ки он ҷо як кило бодом ба нархи 50 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Дар бозори марказии шаҳри Исфара 45 сомонӣ, бозори марказии шаҳри Кӯлоб 26 сомонӣ ва бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа як кило бодом 25 сомонӣ арзиш дорад.
Мӯҳр