Раиси ҲНИТ дар Суғд: Мақомот мардумро тарсонданист
Як ҳайати 15-нафарӣ аз ҳисоби кормандони амният, оташнишонӣ, Кумитаи дин ва санитарӣ имрӯз, 24-уми апрел, ба дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд ташриф оварда, дари толори ҷаласаи дафтарро муҳр задаанд.
Наимҷон Самиев, сардори шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, мақомот зимни бозрасӣ дар толори ҷаласаи ҲНИТ танҳо занонро ёфтаанд, ки машғули дарсхонӣ будаанд: “Дарси динӣ дар ин ҷо дар асоси барнома мегузашт. Мақомот 10-15 нафареро, ки ширкат доштаанд, бозпурсӣ намуда, рақами телефон ва суроғаи онҳоро гирифтаанд ва раиси бахши ибтидоии ҳизб дар Хуҷанд, Баҳридинова Таҳминаро бо худ бурдаанд.”
Масъулини ҲНИТ дар вилояти Суғд ин бозрасиро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд, чун ба гуфтаи онҳо мақомот пешакӣ онҳоро огоҳ накарда буданд. Самиев мақсад аз ин бозрасиро тарсондани мардум хонд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |