Чигуна аз “облава” ё даъвати иҷборӣ ба артиш халос шавем?
Ин шабу рӯз даъвати ҷавонон барои хидмат ба сафи Артиши Тоҷикистон идома дорад. Аммо бархе аз сокинон аз даъвати иҷбории фарзандони худ шикоят карда, онро хилофи қонун медонанд. “Озодагон” аз масъулону ҳуқуқдонҳо ва хабарнигорон пурсид, ба чӣ роҳе мешавад аз облава халос шуд?
Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон:
“Нахуст бояд гуфт, ки вожаи “облава” дар қонун барои хидмати ҳарбӣ вуҷуд надорад. Илова бар ин, тибқи қонунгузории кишвар ҳар як шаҳрванд ҳуқуқу уҳдадорӣ дорад, то дар артиши миллӣ хидмат бикунад. Агар шаҳрвандоне, ки синну солашон ба хидмати ҳарбӣ расидааст, ба комисариатҳои ҳарбӣ ҳозир шаванд, пас, ниёзе барои бозҷӯии онҳо боқӣ намемонад. Ҳангоми даъвати ҷавонон ба қисмҳои ҳарбӣ мо комиссариатро бо шумули мутахассисони тандурустӣ, маориф, умури дохилӣ ва кор бо ҷавонон тартиб медиҳем. Агар онҳо ба хулосае биёянд, ки ҷавони ҳозиршуда қобили хидмат дар артиш нест, мо он гурӯҳ ҷавононро аз хидмат раҳо мекунем. Барои аз байн бурдани баъзе шикоятҳо мо бояд тавасути ВАО корҳои фаҳмондадиҳиро бигзаронем. Вале аз ҷониби дигар ҳастанд шаҳрвандоне, ки бо гирифтани даъватнома ба хидмати ҳарбӣ ҳозир намешаванд. Дар ин гуна ҳолатҳо масъулини комиссариати ҳарбӣ вазифадоранд, то онҳоро пайдо ва ба қисми ҳарбӣ ҳозир намоянд. Аммо ин маънои хидмат кардани онҳоро надорад, комиссия мебинанд, агар он ҷавон синну соли мувофиқ ва ё саломатии комил надорад, албатта, онро раҳо мекунанд. Барои хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар шаҳрванд баробар буда, инҷо баъзан шикоят мешавад, ки фарзандони мансабдорону сармоядорон дар қисмҳои ҳарбӣ хидмат намекунанд. Ин андешаи ғалат аст. Дар сафи артиши миллии Тоҷикистон фарзандони мансабдорон ҳам ҳастанд. Аммо мо бояд бибинем, ки табақаи мансабдор, сарватманд ва камбизоат чӣ қадар аст.”
Рустам Гулов, ҳуқуқшинос:
“Беҳтарин роҳ барои аз байн бурдани “облава” ин беҳтар кардани шароити қисмҳои низомӣ мебошад. Бояд гуфт, мақомоти додситонӣ ва дигар мақомоти дахлдор аз ӯҳдаи аз байн бурдани мушкилот намебароянд. Онҳо барои беҳтар кардани вазъият бояд ҳамонҳоеро, ки хилофи қонунгузорӣ амал мекунанд, бояд ба ҷавобгарӣ кашанд. Онҳо бояд корҳои тарғиботиро барои шароити хидматрасонӣ ва ҳуқуқ ӯҳдадориҳои шаҳрвандону масъулини комиссариати ҳарбӣ бештар гузаронанд. Бигзор, ҷавонон қабл аз хидмати ҳарбӣ бидонанд, ки дар назди қонун чӣ ӯҳдадорӣ доранд ва барои риоя нагардидани ҳуқуқҳояшон ба куҷо шикоят бубаранд. Маълум аст, ки масъулини комиссариати ҳарбӣ бештар аз рӯи нақша ҷавононро даъват мекунанд. Вале набояд фаромӯш кард, ки иҷрои нақша як вазифа ҳасту риоя накардани қонун ҷинояти дигар. Набояд, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ барои иҷрои нақшаи худ ба қонуншиканӣ роҳ бидиҳанд.”
Умаралии Сафаралӣ, хабарнигор:
“Барои аз «облава» халос шудан бояд қабл аз ҳама сохторҳои идеологӣ барои ташвиқу тарғиби хидмати ҳарбӣ, ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ корҳои фарҳмондадиҳиро ба роҳ монанд. Яъне, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстии ҷавонон дар ҳоли ҳозир дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Барои дубора ба вуҷуд овардани он ҳуввият идеологияи биёер боқувват лозим аст. Бубинед, дар Иттиҳоди Шӯравӣ фазоеро фароҳам оврада буданд, ки ҳар ҷавони хидматнокарда худро ҷавони комил эҳсос карда наметавонист. Бояд ҳамон рӯҳияро барқарор кард.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |