Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 26 сентябр 2017, 14:16
/ Материалы за Ноябр 2016 года
30 ноябр 2016, 16:38

Таъини сармуҳаррири нави “Тирози ҷаҳон”

Сармуҳаррири нашрияи ҳукумати шаҳри Хуҷанд «Тирози ҷаҳон» иваз карда шуд.

30 ноябр 2016, 15:58

Вазорати молия: Дар мавриди ТАЛКО хато кардем

Вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри гузориши ҷадид эътироф кардааст, ки зимни таҳлили қаблии фаъолияти ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” дар давраи солҳои 2010-2015 ва нимсолаи аввали соли 2016 ба хатоиҳо роҳ додааст.

30 ноябр 2016, 15:37

Созиши Душанбе ва Тошканд: Парвозҳо январи 2017 оғоз мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, айни ҳол дар Душанбе гуфтушунид бо масъулини Узбакистон барои роҳандозии парвозҳо ба Тошканд ҷараён дорад.

30 ноябр 2016, 15:11

Шойгу: Ба Тоҷикистон ҳавопаймою чархболҳои зиёд медиҳем

Сергей Шойгу, вазири мудофеаи Русия, мегӯяд, соли 2017 ба Тоҷикистон ҳавопаймою чархболҳои зиёди низомиро интиқол хоҳад дод.

30 ноябр 2016, 13:15

Даргузашти Ҳусейн Насриддинов, ҳофизи халқии Тоҷикистон

Ҳусейн Насриддинов, Ҳофизи халқии Тоҷикистон шаби 29 ба 30-юми ноябр соати 2:30 дар синни 88 солагӣ дар зодгоҳаш, маҳаллаи Элоки ноҳияи Шаҳринав даргузаштааст.

30 ноябр 2016, 12:57

Дастури Э. Раҳмон ба сафирон дар Аврупо: Ҳамкориро бештар кунед

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 30 ноябр дар доираи сафараш ба шаҳри Будапешти Маҷористон, бо сафирони тоҷик дар кишварҳои Аврупо мулоқот кардааст.

30 ноябр 2016, 12:18

Раддабандӣ: Душанбе дар феҳрасти шаҳрҳои бадтарин

Ширкати машваратии “Mercer” сифати зиндагӣ дар 450 шаҳри ҷаҳонро раддабандӣ карда, Душанберо дар қаттори шаҳрҳои дорои бадтарин сифати зиндагӣ қарор додааст.

30 ноябр 2016, 11:22

Танбеҳи мансабдорони ВМКБ барои афзоиши шикояти бадахшониҳо ба Президент

Шодихон Ҷамшед, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои саривақт ва дуруст баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон масъулини вилоятро танбеҳ додааст.

30 ноябр 2016, 10:55

Ҳукми ҷавоне, ки баъди муноқиша бо хоҳар падарашро кушт

Додгоҳи вилояти Суғд Ҷамшед Шарипов, сокини 30-солаи шаҳри Конибодомро дар қатли падараш гунаҳкор дониста, ба 19 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.

30 ноябр 2016, 10:17

Боздошти ду мард барои қатли маъшуқаҳояшон

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду мард хабар дод, ки дар қатли маъшуқаҳояшон муттаҳам мешаванд.

30 ноябр 2016, 09:49

Шарҳи мақомоти тоҷик дар бораи тирпаронӣ: Қирғизҳо 16 тир ва тоҷикҳо 3 тир холӣ кардаанд

Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тирпаронии 28-уми ноябр дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод.

30 ноябр 2016, 09:22

Даъвати Сафорати ИМА аз мақомоти тоҷик: Ба хабарнигорон ҳуқуқи озодии баёнро таъмин намоед

Сафорати ИМА дар Душанбе аз бекор намудани “аккредитатсия”-и шаш хабарнигори Радиои Озодӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

30 ноябр 2016, 08:33

Ҳукуматро чӣ водор кард саҳми андоз дар буҷаро коҳиш диҳад? (ЧАНДРАСОНАӢ)

Ҳукумати Тоҷикистон бори аввал аст, ки тасмим мегирад, вобастагии буҷаро аз андоз коҳиш диҳад. Масъулин мегӯянд, ин иқдом ба хотири дастгирии андозсупорандаҳо гирифта шудааст. Коршиносон иддао доранд, ки ин тасмим метавонад паёмадҳои норӯшан дар пай дошта бошад. Хоса дар кишварҳое мисли Тоҷикистон, ки манбаҳои иловагии пур кардани буҷаи кишвар хеле маҳдуд аст.

30 ноябр 2016, 08:05

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ЧОРШАНБЕ. 30-юми ноябр - 334-умин рӯзи сол. То поёни сол 31 рӯзи дигар монда.

29 ноябр 2016, 16:41

Александр: Маро таҳдид карданд, ки дигар шикоят накунам

Александр Раҳимов, сокини 35-солаи шаҳри Душанбе мегӯяд, дар пайи нашри шикояташ дар сомонаи “Озодагон” аз сӯи масъулини Хадамоти оташнишонии ВКД таҳдид шуд.

Ба қафо | Ба пеш

Бойгонӣ

«    Ноябр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!