Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 июн 2017, 11:49
/ Материалы за 09.12.2016
9 декабр 2016, 16:14

Бонки ҷаҳонӣ ҳамлу нақл дар Тоҷикистонро аз вазнинтаринҳо хонд

Бонки ҷаҳонӣ, ки ҳар ду сол шохиси ҳамлу нақли 160 кишвари ҷаҳонро раддабандӣ мекунад, дар гузориши ҷадидаш Тоҷикистонро дар мақоми 153-ум қарор додааст. Ин дар ҳолест, ки соли 2014 Тоҷикистон дар ин раддабандӣ дар мақоми 114, соли 2010-136 ва соли 2010 дар мақоми 131 ҷой гирифта буд.

9 декабр 2016, 15:26

Абдулқодирзода дар бораи мавлуд, шахсияти паёмбар ва кӯтоҳандешии мусалмонҳо

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон нооромиву ҷангҳои олами Исломро муваққатӣ хонда, онро гузаранда гуфт. Зеро ба қавли ӯ, мусалмонҳо дер ё зуд кӣ будани хешро мефаҳманд.

9 декабр 2016, 14:48

Раъйи парлумони Корея барои "импичмент"-и Президент

Парлумони Кореяи ҷанубӣ дар ҷаласаи имрӯз, 9 декабр ба тарҳи адами эътимод ба раисҷумҳури раъйи мусбат дод.

9 декабр 2016, 13:22

Тағйироти кадрӣ ва насиҳати Р.Эмомалӣ: Муборизаи беамон баред...

Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон имрӯз, 9-уми декабр дар мувофиқа бо раисиҷумҳур дар ниҳоди тобеяш тағйироти кадрӣ амалӣ кардааст.

9 декабр 2016, 12:38

АКС: Ҳаёти зани тоҷику сохтмончии чинӣ дар сархати расонаҳо

Гузориши аксӣ аз як рӯзи ҳаёти Марҷонаи 24-сола, зани тоҷик, ки бо як сохтмончии чинӣ издивоҷ кардааст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои Чин нашр шудааст.

9 декабр 2016, 12:05

Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Ҳиндустон меравад

Вазорати умури хориҷии Ҳиндустон аз сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба он кишвар хабар додааст.

9 декабр 2016, 11:48

Қарори Убайдуллоев барои расидагии беҳтари раисон ба арзи сокинон

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои расидагии беҳтар ба арзу шикоятҳои шаҳрвандон қарори махсус имзо кардааст.

9 декабр 2016, 10:58

Аслов: Иштироки ҷинояткорон дар ҷаласаҳои САҲА маҳкум шавад

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар Ҳамбурги Олмон пешниҳод кард, ки иштироки ашхоси ҷиноятпеша дар ҷаласаҳои САҲА маҳкум шавад.

9 декабр 2016, 10:09

"Ҳар куҷо шодаму шодоб ба ёди Ватанам". Таронаи нави Баҳром, Меҳринигор, Зайнура ва Тобиш (ВИДЕО)

Баҳром Ғафурӣ, Меҳринигори Рустам, Зайнура Пулодова ва Тобиш Ҳилолӣ, овозхонҳои шинохтаи тоҷик таронаи муштаракеро сабт кардаанд.

9 декабр 2016, 10:04

Вазир ба аврупоиҳо: Ҷои нави ҳайкали Сино дар маҳаллаи 81 беҳтар аст

Муҷассамаи асосгузори илми тиб Абӯалӣ ибни Сино, ки соли 1984 дар маҳаллаи Қарияи боло насб шуда буд, ба маҳаллаи 81, қисмати ғарбии хиёбони А. Сино ба назди биноҳои нави Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон кӯчонида мешавад.

9 декабр 2016, 09:38

Беназир: Ҳис мекунам падарам бо чӣ азобҳо Ватанро тарк мекард... (АКС)

Беназир Ализода, наққоши ҷавон ва духтари Исфандиёри Назар, шоир ва рӯзноманигори тоҷики муқими Олмон дар барномаи “Сад зан”, тарҳи вижаи Бӣ-Бӣ-Сӣ-и форсӣ аз ибтидои кори наққошии худ қисса кардааст.

9 декабр 2016, 09:20

Хатарҳои эҳтимолии соли 2017 кадомҳоянд?

Ширкати “Блумберг” бо нашри натоиҷи як назарсанҷӣ интихоботҳо дар Аврупо, сиёсати хориҷии Доналд Трамп ва ҷангҳои сойберии ҷаҳонро хатарҳо барои субот дар соли 2017 унвон кардааст.

9 декабр 2016, 08:16

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ҶУМЪА. 9-уми декабр - 341-умин рӯзи сол. То поёни сол 24 рӯзи дигар монда.


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!