Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 23 январ 2017, 05:18
/ Материалы за 14.12.2016
14 декабр 2016, 17:02

Дар мактабҳои Туркманистон ба ҷойи “Рухнома”-и Ниёзов китоби Бердимуҳаммадов таълим дода мешавад

Вазорати маорифи Туркманистон дастур додааст, дар мактабҳои ин кишвар гуфтовардҳо ва бахшҳое аз китоби “Сарчашмаи хирад”-и раисҷумҳур - Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истифода шаванд.

14 декабр 2016, 16:26

Баҳси басташавии “Нигоҳ”-у “TojNews” дар Вена: Мушкили молӣ ё хости прокуратура?

Саида Искандарова, намояндаи Тоҷикистон дар САҲА гуфт, фаъолияти ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва хабаргузории “TojNews” ба далели молӣ қатъ шудааст.

14 декабр 2016, 16:18

Матвиенко: ВКД барои хориҷ кардани муҳоҷирон маблағ надорад

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфтааст, Вазорати умури дохилии ин кишвар барои хориҷ кардани муҳоҷирон маблағ надорад.

14 декабр 2016, 14:09

Иқдоми сарояндаҳои эстрада барои қироати Қуръони карим (ВИДЕО)

Талант Канатбек, овозхони маъруфи қирғиз корзори қироати ояҳо аз китоби муқаддаси мусалмонҳоро миёни ситораҳои эстрадаи Қирғизистон ба роҳ андохтааст.

14 декабр 2016, 13:30

Ҳукумат ба Пирзода 1 моҳ муҳлат ва 2 миллиард сомонӣ додааст

Тоҷиддин Пирзода баъди 7 моҳ дубора ба мақоми раҳбари “Тоҷиксодиротбонк” баргашт.

14 декабр 2016, 13:12

Дастури Дӯстум барои таҷовузи мухолифи сиёсӣ ва вокуниши ҳукумат

Ҳукумати Афғонистон бо пахши иттилоия гуфтааст қазияи латукӯби Аҳмад Ишчӣ, аз мухолифони сиёсии Абдулрашид Дӯстум, бо ҷиддият пайгирӣ шудааст ва дар ин маврид таҳқиқоти ҳамаҷониба рӯи даст аст.

14 декабр 2016, 12:28

40 дирами мусофир + 40 дирам...=94 миллион сомонӣ дар 11 моҳ

Нақлиёти мусофирбар дар Душанбе тайи 11 моҳи соли равон ба 235,9 миллион мусофир хидмат расондаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 1 фоиз зиёд мебошад.

14 декабр 2016, 11:43

“Барқи тоҷик”: Ба сокинон 12 соат барқ дода мешавад

“Барқи тоҷик” реҷабандии маҳдудияти барқ ба навоҳии кишварро давоми як ҳафтаи охир то панҷ соат камтар кардааст.

14 декабр 2016, 11:40

Мулоқоти Э.Раҳмон бо сарвазир ва раиси парлумони Шри-Ланка

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 14-уми декабр бо Ранил Викремесингҳ, сарвазири Шри-Ланка ва Кару Ҷаясурия, раиси парлумони ин кишвар мулоқот кардааст.

14 декабр 2016, 11:14

Ноиби додситони кул: Буҳрон қочоқро зиёд кардааст

Ҳотам Назарзода, муовини авали Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи таъсири буҳрон тариқи қочоқ ворид намудани мол ба кишвар афзоиш ёфтааст.

14 декабр 2016, 10:34

Тахриби 1144 танӯр: Раис гуфт, нигаронии мардумро мефаҳмам...

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе мегӯяд, соли равон дар доираи 130 рӯзи ободонӣ дар пойтахт биноҳое, ки худсарона ва ғайриқонунӣ бунёд гардида буданд, тахриб шуданд.

14 декабр 2016, 10:08

Убайдуллоев: Маоши миёна дар Душанбе 1589 сомонист

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар ҳисоботи солонааш изҳор доштааст, ки имсол музди миёнаи меҳнат дар пойтахт ба 1589 сомонӣ расонда шуд. Ин нишондод соли гузашта ба 1492 сомонӣ баробар буд.

14 декабр 2016, 09:51

Дидори Мессӣ бо мухлиси “селофанпӯш”-и афғонаш (АКС+ВИДЕО)

Леонел Мессӣ, ҳамлагари тими “Барселона”-и Испания ва мунтахаби Аргентина бо Муртазо Аҳмадӣ, мухлиси хурдсоли афғонаш дидор кардааст.

14 декабр 2016, 09:41

“То чанд соли дигар даҳлези иқтисодии Пекин ва Исломобод ба Тоҷикистон васл хоҳад шуд”

Мушовири байналмилалии нахуствазири Покистон гуфтааст, то чанд соли оянда даҳлези иқтисодии Пекин ва Исломобод ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон васл хоҳад шуд.

14 декабр 2016, 08:17

Бояд ҳар рӯз рӯзи Муҳаммад (с) бошад!

Ҳамд ва ситоиши беандоза Худоеро, ки ба ҷаҳониён дар айни зулмату торикӣ, фасоду гумроҳӣ, ваҳшонияту раҳгумӣ беҳтарин фарзанди одам, ростқавлу амонатдор, хушахлоқу боифат ва зебою хоксор -- Муҳаммад (салом ва дуруди Худо бар Ӯ)-ро фиристод ва ба ҷаҳон ҷони дубора бахшид.

Ба қафо | Ба пеш

Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!