Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 18 ноябр 2017, 17:19
/ Материалы за 16.12.2016
16 декабр 2016, 17:25

Эълони беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон (АКС )

Намояндагии “Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ” дар Тоҷикистон (IWPR) ғолибони озмуни беҳтарин тадқиқоти журналистиро эълон кард.

16 декабр 2016, 15:48

Далер Шарифов: Дар СММ мегӯям...

То вақте дар Афғонистон, Фаластин, Сурия, Ироқ, Нигерия, Сомалӣ... мардуми осоишта мемиранд, кӯдакон кушта мешаванд, милёнҳо мардум овора мешавад, шумо оҷизу нотавонед. Вақте шумо ба ҷои кӯмак боз болои мардум рокету бомб мепартоед, инсон нестед. Вақте шумо бо номи Созмони миллали муттаҳид даври ҳам ҷамъ омадаву аз баробарӣ, озодӣ, таҳамулгароӣ, ваҳдат, сухан мегӯед, вале дар Ҳалаб кӯдакон мемиранд, пас шумо дурӯғ мегуед. Шумо рӯи худ ниқоб гузоштаву ҳарф мезанед.

16 декабр 2016, 15:24

Тақдими хонаи сеҳуҷрагӣ ба Дилшод дар маркази Душанбе

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ба Дилшод Назаров қаҳрамони бозиҳои олимпии Рио-2016 дар маркази пойтахт хонаи сеҳуҷрагӣ тақдим намудааст.

16 декабр 2016, 15:01

Оғози сафари 6-уми Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи анҷоми сафари давлатияш дар Шри-Ланка, имрӯз, 16-уми декабр озими Ҳиндустон шудааст.

16 декабр 2016, 14:41

Убайдуллоев аз Шакарбек хост, ҷаласаи бефоидаро каму корро зиёд кунад

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе зимни ҳисоботи солонааш дар ҷаласаи вакилони пойтахт мушкили таъминоти барқ дар шаҳрро мавриди баррасӣ қарор додааст.

16 декабр 2016, 14:05

Шевченко: Бад аст, ки дар Русия аз бузургии тоҷикон бехабаранд

Максим Шевченко, рӯзноманигор ва таҳлилгари Русия, гуфтааст мардуми ин кишвар бояд бештар ба фарҳанг ва суннати Тоҷикистон ошноӣ дошта бошанд.

16 декабр 2016, 13:56

Корпартоии рӯзноманигорони Euronews алайҳи тасмими раҳбарият

Рӯзноманигорони телевизиони Euronews алайҳи тасмими роҳбарият барои бастани бахшҳои украинӣ, форсӣ ва арабӣ эътироз кардаанд.

16 декабр 2016, 11:27

Намоиши асарҳои аккосони маъруфи ҷопонӣ дар Душанбе

Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон аз баргузории намоиши аксҳои ҷопонӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

16 декабр 2016, 11:22

Нашри видеои боздошти “террористони тоҷик” аз сӯи “ФСБ” (АКСУ ВИДЕО)

Хадамоти федеролии амнияти Русия аз боздошти 4 нафар, аз ҷумла 3 шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст, ки дар қасди анҷом додани амалиёти террористӣ дар Маскав муттаҳам мешаванд.

16 декабр 2016, 10:51

Сардори молияи дастгоҳи Президент мушовири “Амонатбонк” шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, сардори раёсати молияи дастгоҳи Президентро ба ҳайати мушовараи “Амонатбонк” ворид кардааст.

16 декабр 2016, 09:47

Қатли 4-ум: Собиқ раиси тоҷикон дар Магнитогорскро паронданд (АКС)

Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқи қатли Маҳмудов Асадулло Авғонович, собиқ раиси ҷамъияти тоҷикони Магнитогорскро оғоз кардааст, ки рӯзи 15-уми декабр дар ин шаҳр дар назди хонааш паронда шудааст.

16 декабр 2016, 09:25

Путин, Трамп, Усмонов, Бағдодӣ... Чеҳраҳои таъсиргузори соли 2016

Маҷаллаи маъруфи “Форбс” чеҳраҳои таъсиргузори 2016-ро муайян кардааст.

16 декабр 2016, 08:46

Баҳои Шумо ба кори яксолаи ҳукумат чӣ гуна аст?

Дар назар аст, имсол ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Тоҷикистон 23 декабр, як рӯз баъд аз ироаи паёми Президент ба парлумон баргузор шавад. Бино ба иттилои расида, дар ҷаласаи ҷамъбастӣ, ки барои аввалин бор дар моҳи декабр доир мегардад, натиҷаҳои кори яксолаи ҳукумат ва нақшаҳо барои соли оянда баррасӣ мешаванд. Дар зимн, “Озодагон” аз соҳибназарони тоҷик пурсид: БАҲОИ ШУМО БА КОРИ ЯКСОЛАИ ҲУКУМАТ ЧӢ ГУНА АСТ?

16 декабр 2016, 08:24

Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз

ҶУМЪА. 16-уми декабр - 350-умин рӯзи сол. То поёни сол 15 рӯзи дигар монда.

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!