Бахшҳо
29 ноя 2013 12:20Тоҷикистон / Акс

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз ҷаримаҳои миёншикани “Шаҳри бехатар"

Нилуфари КАРИМ

Даҳҳо ронандаи мусофирбар дар пойтахти Тоҷикистон аз ҳаҷми ҷарима ва шеваи пардохти он барои нақзи қоидаҳои роҳ эътироз карданд. Ин нақзи қоидаҳо тавассути дурбинҳои назоратӣ сабт шудааст, ки бар асоси тарҳи “Шаҳри бехатар” аввали моҳи ноябр дар хиёбони марказии Душанбе насбу фаъол гардид.

Умед, ронандаи хатсайри рақами 8, ки барои се қоидавайронкунӣ 520 сомонӣ ҷарима супоридааст, мегӯяд, мақомот қабл аз он ки онҳоро ҷарима банданд, шароити ҳаракат дар роҳҳоро муҳайё созанд. Норозигии мусоҳиби мо аз он аст, ки аксар вақт хатти якуми роҳ дар пойтахт аз сӯи мошинҳо банд буда, онҳо имкони гирифтан ва ё фаровардани мусофиронашонро надоранд.

“Дар хатти якуми роҳ мошин мондаанд ва намедонем дар куҷо мусофиронро фароварем, ё бигирем.. Ҳамеша маҷбур мешавем, дар хатти дувум истем, ки инро камераҳо акс мегиранду баъд ҷарима мекунанд. Агар мо ягон қоидавайронкунӣ кунем, розием, маблағашро супорем. Аммо барои мо дар роҳҳо шароит нест”,-афзуд Умед.



АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз ҷаримаҳои миёншикани “Шаҳри бехатар"Ин ронанда дар идома гуфт, “дигар масъала ин аст, ки дар бештари роҳҳо ранги хатҳо намоён нест. Дар як бозори Шоҳмансур дар ду тарафи роҳ автомашинаҳо гузошта шудаанд. Ягон корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ инро намебинад.” Умед нақл мекунад, як рӯз ҳангоми гузаштани корвони мошини президент чароғак сурх буд, вале нозири роҳ ишора кардааст, ки зудтар бигузаранд: “Инро камера сабт кардааст ва ҷарима бастааст. Як ронандаи дигарамон 2 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима супорид. Дар дигар давлатҳо вақте санади пардохти ҷарима меояд, ду моҳ мӯҳлат дода мешавад аммо дар ин ҷо ин хел нест. Ҷарима омад, бояд зуд рафта супорӣ. Намедонем, чӣ кор кунем.”

Ин аст, ки ба гуфтаи Нуралӣ Азизов, муовини раиси Автоколоннаи “29-27”, ронандагон барои пардохти маблағи ҷарима азият мекашанд: “Санади пардохти ҷарима ҳар рӯз фиристода намешавад. Чанд қоидавайронкуниро ҷамъ карда, ба ронандагон мефиристанд. Баъзе ронандаҳои мо аз аввали мо то 2 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима супоридаанд. Агар ҳамарӯза қоидавайронкунии онҳо фиристода шавад, хуб мешуд.”

Тарҳи “Шаҳри бехатар” дар Душанбе бо харҷи 22 миллион доллар, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошад, амалӣ гардида, 5 сол мӯҳлати кафолат дорад. Дар доираи ин лоиҳа аз ҷониби ширкати «Ҳуавей»-и Чин мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд. Гуфта мешавад, ин тарҳ барои таъмини тартибот дар кӯчаҳо ва ҷилавгирӣ аз фасодкории нозирони роҳ мусоидат кунад. Дар нахустин лаҳзаҳои фаъол гардидани дурбинҳои назоратӣ 17 ҳазор қоидавайронкунӣ аз тарафи ронандаҳо сабт шуда, мақомот гуфта буданд, беш аз 80 дарсади ронандаҳо қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд.


АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз ҷаримаҳои миёншикани “Шаҳри бехатар"

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз ҷаримаҳои миёншикани “Шаҳри бехатар"

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз ҷаримаҳои миёншикани “Шаҳри бехатар"


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Рахмдил
ин дафа карзи хитоихро чи хел мепардозем. бо замина медихеми !!!

Fikr mekunam bisyori iqdomi khubro jori kardand ammo Vazorati Korhoi Dkhili kamash tuli yak moh boyad tashviqotu fahmondadihi mekard. in jarimahoe ki ba unvonii in ronandaho omadaast daromadi mohonai har yaki onhost. Okhir rahmi inson meoyad in mardum ba gayr az khohish kardan digar chizro namedonad. Magar nameshavad ki dar joi raqsu bozi, tabligotu begonaparasti dar televizionho mardumro ogoh kunand ? Ba har suole ki in jo gufta meshavad az hardu jonib, metavon posukh dod ammo maqsadi asosii nasbi kameraho in tamini amniyat va bekhatarii mardum az lihozi jismoni, manavi va moliyavi meboshad. Az in ru khohish mekardam ba tadrij in qoidahoro jori kuned.

aknun barodaron hamin javonhoi sari janbari starexho meniwastand boz ba muhojirati mehnati mebaroyand zik nawen boz warm nadowta jarimaro bardorand megjend ...

Рахмдил,
МАШААЛЛОХ ЧОНИ ГАПА ГУФТИ АКА....... КОШКИ МАОШИ КОГАРОНИ МУСОФИРКАШИ Ё ПУТЁФКАХО АРЗОН БОША, ХАММА КОМАТШИКАН, РОХХО БЕТАНЗИМ, ЧАРИМА ДАР АВЧИ АЪЛО...ХЕЛО ТААССУФОВАР....

kamerahoro dar bozorho-doxili kuchaho-maktabu bozorho ziyod kuned va jarimaash kati.behtarin roh yofted janobi oli.nakazat v karmanushki.

dar hakikat xalk raftoru tarbiyaashon behad vairon shudaast.rohi najot in jarima bandi ast.ziyod kuned kamerahoro.

Хайрон ки мардум доди худро ба киё гуяд,Аллохи пок ба худат хавола мекунем, роххо роххои танг чаро бе адлу инсофи то ин дарача, роххои агар аз чихати стандарти мебуд на кам 4 паласа то мо мардуми Точикистон рози, аз Худо битарсед .

Хай ин ронандахо хам чи кор кунанд??? Охир ман худам донишчуй мебошам агар ин старекхоро чарима кунанд ё ин ки хуччатхояшонро гиранд.Пас мо чи хел ба донишгох ё ба кор меравем?? Троллейбусхо автобусхо кор намекунанд(хусухас тролейбуси 4).Одамони дигар дар кучое хоханд хамончо мошинашонро мегузоранд.Аз хамин сабаб коидавайронкунихо дида мешавад.

дурбин
Пули ин дурбинхоро ба чинихо зудтар додан даркор. Набошад Мургоба талаб мекунанд.Хафа нашавед бародаро бо ин чаримахо ки то хазорхо бор аз хадди аккали маош зиеданд дар ягон давлат нест.

Бародарон то троллейбусу автобус дар шахр аз руи низом харакат накунанд ягон бехбуди дар шахр намешавад. Назди бозори "Садбарг" бо вокзали шахр ба монанди автопарк шудааст. 23 сол шуд ки хамин низома на хукумати шахр ва на вазорати наклиёт идора мекунад.Ба фикри ман агар наклиёти шахри аз руи график харакат кунад дар шахр ягон маршрут намемонад. Наход Хукумати шахр хаминро надонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)