Бахшҳо

Мудири маориф: “Ман ба фигура не, ба сару либоси муаллима эрод гирифтам”

Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳияи Ёвон даъвои Меҳрафрӯз Ҳаётова, омӯзгори забони англисии ин ноҳияро дар мавриди паст задани шаъну шарафаш дар назди ҳамкорон беасос хонд.

Ҷаноби Насов имрӯз, 2-юми декабр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, «ман ба шахсияти ин омӯзгор нарасидаам. Вақте онҳоро ҷамъ кардем, танҳо дар мавриди сару либосаш гуфтам, ки ба талаботи низомномаи маориф ҷавобгӯ нест, яъне ду руймол дошт ва як либоси ғафси дигар, ки ба сару либоси барои омӯзгорон тавсинамудаи Вазорати маориф мутобиқат намекунад”.

Қаблан Меҳрафрӯз Ҳаётова, омӯзгори забони англисӣ дар Интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони бепарастори ноҳияи Ёвон, шикоят кард, ки Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳия, ба шахсияти ӯ дахл карда, шаъну шарафашро дар назди ҳамкоронаш паст задааст. Ҳаётова 29 ноябр ба “Озодагон” тамос гирифт ва гуфт, чанде қабл омӯзгоронро аз тамоми нуқоти Ёвон барои интихоби ҳакамони олимпиадаи ноҳиявӣ ба шуъбаи маорифи ноҳия даъват карданд. “Мудири шуъбаи маориф ҳамаро номбар карда, ҳузурашонро қайд намуд. Чун навбати ман расид, бо истеҳзо гуфт, симои зоҳирият барои муаллимаи забони англисӣ мувофиқ нест. “Ҳамин ту англисиро медонӣ? Фигураат барои муаллимаи забони англисӣ безебай. Намезебад гуфт”,-афзуд Ҳаётова.

Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, худро хеле нороҳат эҳсос кард ва баъд аз ин ҷамъомад рост ба мақомоти додситонӣ рафт, то аз ҳуқуқи худ ҳимоят кунад: “Мудири маориф чӣ ҳақ дорад, ки маро дар миёни кормондони маорифи ноҳия паст занад? Маро Худо ҳамин хел офаридааст ва ман шукрона мекунам.” Ин омӯзгор мегӯяд, дар додситонӣ ба ӯ маслиҳат доданд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад: “Мудири маориф вақте фаҳмид, ки ба мақомот муроҷиат кардаам, ба ҷои он ки узр пурсад, талаб намуд, аризаамро гирам”.

Меҳрафрӯз Ҳаётова мегӯяд, то мудири маориф аз ӯ дар ҳузури омӯзгорони ноҳия маъзаратхоҳӣ накунад, аз даъвояш нахоҳад гашт. Ҳаётова илова намуд, 11 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад ва шогирдонаш дар озмунҳои ноҳиявӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекарданд.

Дар ҳамин ҳол Исломиддин Насов, сардори шӯъбаи маорифи ноҳия мегӯяд, гуфтаҳои ин омӯзгор бофтаанд ва воқеият надоранд.
Мӯҳр
Тоба Носам проблема шидай? Сардори шуъба, ки носов шид талабахо хатман бангиев мешавад ин харду дар ТЧ мамнуъ аст бояд сардорро иваз кунанд башарте, ки аз дангара набоша????????

Гулчехра аз Худо тарс,! ба ин гапхои чохилият.ва тавба кун. Агар тавба намекуни ту Гулчехра не, ту ХОРИ ЧЕХРАИ.....

Нодони нихоят мушкиласт.!..

Rafa
Гулчехра,
Agar murdi raven peshi hamu vazir bajoi janozatda she'r xonand, besavod in tui

гунохи як хохара байни мардум масхара мекна е эрод мегира дар алохидаги фамони Имруз талаби маориф муалимаи полуголи шидай то ки насли нав бина ибрат гира

э миллат ба умеди илму дониш гуфта хаеву номуса фаромш накнен илму фарханг бе шарму хае хечаст. охи мусулмон бдана фромш накненееееееееееееееее хайф ки Ватанма хор кадан хамнаслома хоркадан и мудиро мо чавоно пага барои фарзандомо модарои бо хаеи бо савод мехохем шмо амихе кадангирен зани бо хае не фохиша мераса ба мо

я бадбахт ба хотири обру номи мулову ислома истифода бурд бад фош шид и мане надора мулоохо у я бадбахт ранги инами дигар гумрохо ки ба хотири обру мулло муарифи мекнан хдшона агар ба я муло е я сатр хато каданш ама мулло винават боша магарам ама сарличора фохиша бгем

Хакгу.
Гулчехра,
Охир хамин зани беруймолу обе бесарпуш харду як зани беруймол мисли хамун оби бесарпуш ифлос аст факат инро ифлосхо истифода мекунанд. Касе сатри хохархои исломиро ирод мегирад е паст мезанад у мусалмон нест. Озодагон инро чоп кунед.

Салим
Эй Гулчехра ман ба ту гуфтаниам, ки паёмбарамон (с) фармуданд, хар зане, ки аз хона берун равад, ва танхо як тори муяш намоён шавад у зинокор аст!...

Ахсан хохари азиз, ки Шумо аз хукуки худатон дифо намудед. Агар мудири шумо чунин гуфта бошад, харгиз уро набахшуд, бигзор дар назди конун чавоб гуйд. Агар Шумо даъвохоятонро идома надихед, бидонед,ки мудиратон чунин лахни носазоро ба дигарон хохад гуфт.

Он бувад бадбахтарини мардумон,
Накарда дифо ба хак зи зулим золимон.

ростгу
гар хаст туро сурати марди бар сар ,
магзор айели хеш берун зи дар.
Шохе, ки зи девор бурун орад сар,
аз меваи у тамаъ барад рохгузар.

Сара лич кн Гулчехра дилт тозаай......

Псих
либос бошад дониш хам мешад. ба фикри онхо

Abdulloh
Гулчехра XOHARJON AZ ROSTI KI DILAM BA IN HOLI ZORE KI DORI SAXT MESUZAD. MO MARDON HUQUQI SHUMOBARIN XOHARONRO INJO DIFO' DOREM AMMO TU AZ RUI JAHOLAT TA'NA MEZANI. MULLO KI MEGUI VA TA'NAVU TAHQIR MEKUNI SUXANI ALLOHRO BAROYAT MERASONAD. NAXOD TU AZ SHUNIDANI SUXANI ALLOH SAXT NOROHAT SHAVI?

Bachoi yovon sust namonen. In mydiri maorifa ba jacobgari kashen hamakasa. Nomus doshta voshen in hohar tona dastgiri kunen

ТЧ
У муаллимаю талабахое ки белибос мактаб миеян уво созу пушокдор безеб. Рут сие Еврей

Суханони мудир бамавриданд. Муаллима бояд ба тарзи либоспуши эътибор дихад. Дар вакти кори либосхое бояд пушад, ки ба Низомнома мувофиканд.

ТЧ
Гулчехра,бисер босавод менамоию лекин ту нагу муллохо инхел дигар онхел хамои мо як одамем. Муллохам одамай ягон чизи дигар нест. Хама одам як хатоги мекунанд. Мулло ухели коро кардац гуфта хамаи муллохоро паст задан даркор нест.Кадоме ки чиноят кард чазоша мегира. Хай як одаме ки мулло номшмебурданд чиноят кард. Хар руз дар телевизионхо ночиконда нишон медиханд. Корое ки хози хукуматдоро кардестан якташа нишон тиян як ду дкздишона аати корои мекардагишон. Еврей дар хакки душманш намекна. ГАП БИСЕРАЙ......

Гулчехра,
Хохарчон магзи гапатона гуфтед, ихо хама катии муллохояшон фанатик шудаанд охир дар чои кор хам бояд фарханги либоспуширо рихоя кардан даркор хамон либосхои арабхо мода чи даркор бояд либосхои миллии худамона пушем на ай арабхо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)