Бахшҳо

Номае бидуни таҳрир: “Ин азобу машаққат то ба кай?”

Наврӯзи Хайрулбашар, яке аз хонандагони торнамои “Озодагон”, дар бораи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба мо номае ирсол кардааст, ки онро бидуни таҳрир нашр мекунем.


“Имрӯзҳо рӯзгори мардуми муҳоҷири тоҷик дар гӯшаи ғурбат рӯбарӯ бо мушкилоти нав ба нав мебошад. Ҳама қарору қонунҳое, ки аз сӯи ҳукумати Русия қабул мешаванд, ба нафъи мардикори тоҷик набуда, баръакс, бар зарари онҳост. Ҳоло аз ҳама дида, миллати хору зор бо азобу шиканҷа рӯбарӯ ин миллати тоҷик аст. Рӯзе нест, ки хонаводаи он бе мотам бошад.

Соату лаҳзае нест, ки оби чашми модари тоҷик нарезад. Ҳоло дар ин сардии зимистон дар кишвари Русия тоҷикро бо сад баҳона бо азоби ҷисмониву рӯҳӣ хориҷ карда, ба Ватанаш мефиристанд. Намедонам, ин хислати шарқиёна ё табиати модарзоди ин миллати сарсахт бошад, ки ҳама неку бад ва сахтиву шиканҷаи ба сараш омадаро аз Худову сарнавишту қисмати хеш медонад. Касе, ки ба Русия боре омада бошад, хуб медонад, ки ҳама ҳуҷҷатҳои лозимиро кормандони Хадамоти муҳоҷират ва “корчалонҳояшон” ба маблағи гарон ба тартибу низом меоранд.

Садҳо нафари дигар чӣ тоҷику чӣ узбаку озарӣ барои даромади бе дарди миён миёнарав мебошанд. Ҳамин гуна ҳолатҳо мешавад, ки даҳҳо ва садҳо нафарро дар як хона ва як ҳуҷра ба қайд мегиранду тоҷики бечора ин нишонаро дар хобаш ҳам надидааст. Дар вокзалу бозорҳо низ гуруҳҳои махсусе ҳастанд, ки ҳама ҳуҷҷатҳои лозимиро ба ивази маблағи муайян қалбакӣ сохта медиҳанду кафолаташро касе намедиҳад.

Биёед, азизон, боадолатона қазоват кунед, тоҷике, ки як ароба сохта наметавонад, ӯ аз куҷо қудрату тавони сохтани муҳру сикка ё коғазҳои қимматбаҳоро дорад?! Ҳамаи ин найрангҳоро пулис ва Хадамоти муҳоҷират хубу аъло медонанд. Ҳуҷҷатҳояшро дар як нафас санҷида, қалбакӣ будани онҳоро фош мекунанду бечораро гунаҳкор карда, ҷарима, ҳабс ва ё хориҷаш менамоянд.

Сад афсӯс, ки надонистани забону бе хабар будан аз қонуну қоида ба ҷуз сархамиву тан додан ба тақдир дигар чора надорад. Тоҷик барои русҳо як воситаи дилхушкунӣ буда, хуб масхараву мазҳака мекунанду лаззат мебаранд. Дар шароити ғурбат надоштани ҷои хобу муҳайё набудани ҳама шароитҳои зиндагӣ бештари ҷавонон ба бемориҳои сироятии гузаранда гирифтор мешаванд. Дар ҷое хонда будам, ки сафи ихроҷшавандагон аз 90 ҳазор гузаштааст. Имрӯзҳо дар вокзалу фурудгоҳ бештари ҷавонони рондашударо дидан мумкин аст, ки бо табъи хираву оби чашмаш равон ба Ватан мераванд. Дар Ватан онҳоро, чӣ интизор аст? Ғаму ғусса ва хӯрдани азоби рӯзгор?! Таваҷҷуҳ намоед, агар ба чунин суръати тез ҷавонони зиёде бар ватан раванду ҷои кору машғулияте набошад, оё онҳо даст ба дуздиву авбошӣ ва ғоратгариву роҳзанӣ намезананд ё сафи нашъаманду майхора намеафзояд?

Тоҷикро дар Русия намекушанд, даҳҳо корд зада сарашро аз тан ҷудо менамоянд. Магар аз ин дида даҳшате ҳаст? Садҳо тоҷики бе ному нишон аст, ки кушта дар ҷангалу дарёҳо партофтаанд, ҳазор афсӯс касеро ғам нест. Ҳама ғами хешро мехӯранд, на аз ҳукумату на аз мухолифин, на сафорату на консулгариҳо оид ба ин масъала пойфишорӣ ва садояшонро баланд намекунанд! Ҳама дил бохта дар интизори мансабу курсианд, канӣ пешвое, ки миллатро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Ин азобу шиканҷа чанд соли дигар давом мекарда бошад? Ё ҳамаашро аз қисмату тақдир бинем?!

Наврӯзи ХАЙРУЛБАШАР”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мухаммадчон
бовар кунед хело дарднок аст вақте калимаи муҳоҷиру ҳиҷратро мешунви чун ба ёду хотират ҳама он азобу машаққату куштору аз тан ҷудо намудани сарҳои онҳоро сузондану ва бо корд куштани ҷавонҳои тоҷикро онҳо ҳамаш пеши назарат меоянд, ин ҳукумат ба ҷуз ғамуғусаи пурқувват намудани ҳукумату хешутабори худаш ҳеҷ парвои ин мардум надорад вой бар ҳоли ин ҳукумат ин ҳукумат ба нестшавии ин миллат кор бурдесай........чоп кунед озод бошед

Афсус вале ин бародар хакикатро гуфтааст ва ин хакикатро бисерихо медонем!рузе дар аэропорти Душанбе як часади бародарро нитизор будем,груз 200 омад яке якбора 3то ин соати 11 руз,ба бабарвакти 1 тои дигар омада будааст.Хар руз 4-5 мурда,дар як сол тахмин 1500 мурда!!!!!!!!Ин дар бист соли хичрат 30000,ахолии як райони Tj.ا

Точиккулибек
Мардумро бо пули калон вазифа медиханд баъд онхоро дар хусуси пора нахурдан касам медиханд!Нозумбиллох ин мардум на танхо шайтонро балки худоро низ фиреб кардан мехоханд.Корд аз устухон гузашт.

Вакте ин номаи бародара хондам, бе ихтиёр об аз чашмонам чоришуд.:(

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)