Бахшҳо

“Шояд ғайриинтизор бошад, вале Эмомалӣ Раҳмон Худо нест!”

Марат Мамадшоев

Рустами Эмомалӣ, раиси хадамоти гумрук ва писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назди падараш Эмомалӣ Раҳмон ҳисобот дод.

Ӯ гузориш дод, ки нақшаи пардохтҳои гумрукӣ барзиёд иҷро шуд ва писару падар ба назар розӣ менамуданд. Дигарон низ зоҳиран розӣ буданд.

Барои ман аҷоиб, ки кори якҷояи падару писар минбаъд чӣ гуна сурат мегирад? Оё раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ, ки дар дар тобеияташ аст, чун бо мансабдорҳои дигар муносибат мекунад? Ӯро монанди дигарон интиқоду оммавӣ сарзаниш мекунад?

Умуман оё дар ҷаҳон ҳаст падаре, ки кори фарзандашро мунсифона ва бетарафона баҳогузорӣ кунад? Ин суол ҷавоби қотеонаи манфӣ дорад- дар ҷаҳон падари беҳиссиёт ё худ робот нест. Танҳо Худо метавонад, бо офаридааш мунсифона ва аз рӯи адолат муносибат кунад. Аммо Эмомалӣ Раҳмон Худо нест. Гарчанде барои бархе аз атрофиёнаш шояд ин ғайриинтизор садо диҳад.

Бесабаб нест, ки қонунгузории аксари кишварҳо фаъолияти хешовандонро дар як шохаи ҳокимият қатъиян манъ карда, онро як шакли фасод хондааст. Фикри омма низ дар бисёри давлатҳо мухолифи чунин тартиби оилавии хизмат дар давлат мебошад.

Албатта ҳастанд, шаҷараҳои оилавии бонкдорҳо, ҳунармандон ва тоҷирон, ки писар зери назорати падар нозукиҳои касбашро меомӯзад, то баъдан ҷойашро гирад. Аммо Тоҷикистон бонку фирма ё худ ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуд нест, ки ба як оила тааллуқ дошта бошад.


Ин матлаб назари шахсии муаллиф аст.
Мӯҳр
Самарқанду Бухоро
Мохрухсор, ба фикрам ту Маратро дар хурдиаш дуст медоштию аммо у туро ба зани нагирифт, аз ин сабаб чунин гап мезани. Эх кош хама мисли акаи Марат "девона" мешуданд... Баъд медидем, ки Шумо "хушёр"-хо чи кор мекардед...

Ман аслан кадом як хабарнигори Озодагонро танкид кардани нестам, чунки дар Озодагон хама ситора шудааст. Як чумла менависанду як акси калони худро гузошта аз худ кахрамон метарошанд ки гуё гапи хакро гуфтанд. Хайр хакро гуфтан мехохед ду чумлаи хоми хатала нанависед. Як маколае нависед ки хонанда хонда рохат кунад. Якеш дар бораи Точикистони нав менависаду худша ситора мегирад, дуюмаш дар бораи писари президент..... айб аст журналистикаро хам шарманда кардед.....

якуб
ое конуни мехнат манъ намекунад хеши наздикро ки дар тобеияти якдигар кор мекунанд??

Ватандуст
Марат яке аз беҳтарин журналистони точик аст ва ин маколааш ҳам нишон медиҳад, ки часорати журналистии бемонанд дорад. Ман ба ин маколаи Марат ду се чумла илова кардан мехохам. Сардори хар идора, корхона, кишлок, нохия, шахр ва вилояту мамлакат чи хел бошад ва кадом кора пеш гирад, дар таги дасташ будагихо хам аз вай ибрат мегиранд ва хамун барин шудан мехоханду вай барин кор мекунанд. Эмомали Рахмон, ки ба мансабхо бештар хешовандону хамнохияхояшро мемонад, дар тамоми Точикистон дигар рохбарон хам дар идораю кишлок, нохияю шахру вилоят ва дар вазоратхо хама президент барин одамони худашона ба кор мегиранд ва одамони доною кордон дар берун мемонанд ва хамин хел Точикистонамо хич пеш намеравад.

Комил
Пурра хакикатро гуфтааст Марат. Сухани хак сахт мерасад вале хак- хак аст. БРАВОООООО.

Мунтазир бошед, имрузу фардо вазорати тандурустии (аниктараш нодурусти) режим справкаи "девонагии" акои Маратро ки чандин сол рахбарияти як медиахолдинги бузург ва пешсафи кишвар яъне АзияПлюсро ба ухда дошт хохад баровард. Яъне хар ки рахмон ва оилаашро танкид кунад вазорати окои рахмон зуд справкаи девонагиашро мебарорад. Ин чои таачуб хам нест. Маро хам намояндаи Ал-Коида дар Точикистон гуфта буд Ато Мирхоча- журналисти хонаводаи рахмон.

Мохрухсор,
апаи Мохрухсор, ба фикрум хдт намояндаи аму группа альфаи ки конференцияи Зоировро чапа-роста карде. худо нигах дора ай ихали категорияи занако

Шохсанам
Ягон пресконфронси дигар намекунад Зоиров, хаму занако раванд.. ика хандем . Мохрухсор хам мерафта бошад. Ё байракбардор аст ...

Точикистон
Мухтарам Махмадшоев худатро хурмат кун зеро акидаи худи чоноби оли оиди таъини фарзандаш набуд уро ба ин мансаб гайр аз фармони параш Мачлиси оли Чумхурии Точикистон ки дар он 96 намоянда иштирок менамоянд розиги додаанд. Ба корхои сиёсии Точикистон ва точикон бисёри бад сар халондестай, чоноби игвогар.....

ДЕВОНА
ЯХЕЛ ХОЛАТО ДЕВОНАХО АХВОЛИ ХУШЁРХОРО ДИДА ХУШЁР МЕШАВАНД.АГАР ХАМА АЗ ДЕВОНАХО ХАМ ДЕВОНАТАР ШАВАНД ЯЪНЕ ШОЯД ЭЙ ЗАНИ ТОЧИК МОВУ ШУМО ДЕВОНА БОШЕМ.ЧУНКИ ДАР ТОРИХ БУЗУРГОНРО БО ДЕВОНАГИ ЗИЁД ТУХМАТ КАРДААНД. БОЗ ЯК ЧИ ГУЯМ МАРДИ ДЕВОНА АЗ ЗАНИ ХУШЁР ДИДА ХУШЁРТАР АСТ.

eee in marati ochkarik jini budasmi?ma gufta budam jiniba mondok in.tovbaaaa rost budastku.aftasham ma'lum.

рови
Дар мазхаби шиъа ИМОМ -нури ХУДО дар руи замин аст. аз ин ру хукмаш равост.
дар мазхаби сунни хоким сояи ХУДО дар руи замин аст. Аз ин ру хукмаш бар мардум равост.
оят- эй имоновардагон! итоат кунед аз Худо, аз Пайгамбар ва аз сохибони амр. (Ё айюхаллазина лману ати Оллоха, ати Расула ва улуламри минкум.)
Улуламри минкум.-сохибони ашарху тавсир шудаастмр . дар ду мазхаб ду тарз хамонгуна ки дар боло гуфтем. мусалмон итоаткор аст -ТАСЛИМ аст боки худатон кироат кунед. хам Марат хак аст ва хам Мухолифонаш хаканд -зеро харяке пайрави тафсирхои болоанд..

Ман бо акидаи Акаи Марат розиям, чунин давлатдори ва ба мансаби баланди давлати нишондани чавони 26-27 сола гувохи сиëсати хирадмандонаи давлату хукумати чоночони мост.
Сад шукр, шукрона шукрона шукрона
P.S. Ба диагнозмонии Апаи Мохрухсор ташаккур адресашона гап занан мо хам равем ...

Марат аз худаш ка,рамон тарошидаистодааст ,,ин к,ах,рамони не маратчик ин худнамои ,ба забони точ,ики гуём агар ,ть бузи

Агар хамин хел таърифу тавсифхои дуруг давом кардан гирад, кадом рузе эмомали банда буданашро фаромуш мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)