Бахшҳо

Бозор Собир: Худогӯию худоҷӯии шоирони ҷавонро хуш надорам

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки таҷлили 75-солагияш имрӯз, 22-юми ноябр, дар бинои Театри опера ва балет дар назар аст, атрофи шеъру шоирӣ изҳори назар кардааст.

Ин шоири маъруф дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Миллат” дар посух ба суол, ки кадом тамоюли эҷодӣ дар шеъри имрӯзи тоҷик ба Шумо хуш намеояд, гуфтааст, “дингароӣ хуш намеояд, «Садои Шарқ» (маҷаллаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) гӯё журнали кадом як масҷид аст. Алалхусус худогӯиву худоҷӯии шоирони ҷавон хуш намеояд. Дар китобхонаи миллӣ ғарам-ғарам музахрафи динии сафоратхонаи Эрон хуш намеояд. Ғазалсароӣ хуш намеояд. Ғазали классикии мо аз барги як фасли хазон бештар аст ва ба дарде намехӯрад. Ман одатан шеъреро, ки дар шакли кӯҳна гуфта мешавад, намехонам.”

Дар мавриди муносибати шеъру сиёсат ва суол, ки дар кадом маврид шеър ба сиёсат хизмат мекунад, Бозор Собир гуфтааст: “Дар ҳар маврид. Шеър ҷузъи сиёсат аст. Шеърҳои сиёсӣ моли бузургтарини адабиётанд. «Шоҳнома» моли сиёсати Сомониён буд. Шеъру достонҳои Маяковский бузургтарин мероси сиёсати инқилоби октябр мебошанд. Адабиёт аз сиёсат берун буда наметавонад. Нависанда, агар одами пешқадами замон бошад, чи хел вай ба сиёсат наметавонад сарукор дошта бошад? Агар сарукор надошта бошад, одами замонавӣ нест. Ва зимнан, адибу зиёие, ки «ман ба сиёсат кор надорам» мегӯяд, аблаҳи ҷоҳил асту бас. Сиёсат қутбнамои вақту замон ё замону макон аст.”

Бозор Собир рӯзи 20 ноябр ба синни 75 расид. Вай аз ин ҳисоб 19 соли умрашро дар Русияву Амрико гузаронда, моҳи майи соли ҷорӣ бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон барои иқомати доимӣ ба Ватан баргашт. Ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, ба сар мебарад. Бозор Собир соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, маълумоти миёнаро дар Ҳисор гирифтааст. Баъд аз хатми факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар соли 1962 барои кор ба нашрияи “Маориф ва маданият” рафта, баъдан корро дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ва нашрияи “Адолат” идома медиҳад.

Вай аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеъри ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст.

Бозор Собир нафаре дониста мешуд. ки дар вақти пойбарҷоии Шӯравӣ бар хилофи аксар шоирони тоҷик аз доҳиву раҳбаронаш пуштибонӣ накарда ва дар васфашон низ шеъре нагуфтааст. Вале баъд аз ҳиҷраташ ба Амрико вай дар тамоми маҷмӯаҳои шеъри худ ёде аз Ленину Сталин ва хубиҳои Шӯравӣ карда, низоми давлатдории Амрико ва муттаҳидонашро ба боди танқид кашидааст.
Мӯҳр
точик
Хамин эмомали кори хуб кард,ин бозорчая оварду бо андаке тухфа ботини начасашро кушода, шармсор кард Оличаноб!

abdulloh
bozor sobir hav hav meguni vale foeda nadora suhibi in din xudo hast na tu

точикдуст
устод БОЗОР СОБИР бо шеъру суханаш асо бар замбурхона мезанад ё бо таъбири дигар " бо сих начос-т"-ро кофта пахлу мегардонаду буи он хавои атрофро харом мекунад. гап да шоир Бозор Собир нест дар замбурхо ва нач...т аст ки Тутубалина онро сих кофта буд. Бозор намехохад бо чунин афрод дар "бихишт "бошад зеро бихишт бо хузуриингуна чохилон бадтар аз дузах аст. Офарин шоири тавонои миллат, ту оинае хасти ки моро бар мо менамоёни...моро ки дар шоиркуши машхури чахонем...

БАРОДАРОНИ АЗИЗ ШУМО ХУДАТОНРО АСАБИ НАКУНЕД БАРОИ ИН ХАТТО ДАШНОМ ХАЙФ МЕШАВАД ЧИ ЧОИ СУХАНИ КАБЕХ...

Али
Ту худат ки хасти ки мардумро рохнамои мекуни худотарсу масчиддустдор набошанд ин хакро ба ту ки дод ту дуруя хасти ва боз худро ин кадар боло аз хама медони садкаи номи инсон шав

БОЗОР,МО МЕДОНИСТЕМ,КИ ТУ ЯКЕ АЗ ДУШМАНОНИ МИЛАТИ ТОЧИКИ.

Муъмин
Ту чихел шоири ба Точикистон барои чи тура даъват кардаян, ки дар миёни мо точикон фитна андози ту намедони, ки кариб 99 % Точикон мусулмонанд. Ту дар ин дунё амонати пагах бо назди Худои якаву ягона мери баъд чи чавоб медихи. Ту ин кадар хдута шоири машхур мегири як бор фикр кун ин кадар инсонхои бузург кучо шуданд. Ту фикр мекуни ба ин баъд суханиёт ту машхур мешави ман не мегуям. Ба номи Худо касам кадоме аз ин хел одамо бо монанди Бозор С, Ленин, Сталин тарафдори мекунад у гунохе бузурге кардааст ин шахсон атеистан (атеист маънояш ба Худо бовар накарданаст) Шумо эй мардум як бор ба худатон назар кунед шумо фикр мекунед хамихел пайдо шудед не моро Худои бузург халк кардааст то ин ки Уро ибодат кунем ба ин неъматои Худо додаги шукр гуем. Аз Худо битарсен.

махлуқ
Акаи Бозорҷон Интихобот тамом, кори ту ҳам тамом, метони ба Ватани худат (ИМА) баргардӣ, зеро дигар ту ба касе лозим нестӣ. Бе ту ҳам рузи мардуми Тоҷик мегузарад. Аз ин рӯ мо ба тубаринҳо эҳтиёҷ надорем. Илтимос рав, ту дар Тоҷикистон как квартирантӣ. (Курдҳобаринед Шумо) БЕВАТАН.!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Олими Ҷавон
Устоди азиз!!! Ту худат дин дорӣ, ё кофарӣ, (узр) о наход, ки то ин дараҷая Шумо дар мулки мардум аз Ислом фаромуш карда бошед. Бовар кунед ман Шуморо аз ҳад зиёд ҳурмат мекардам. Ҳатто вақте. ки хабари омаданатона шунидам хехе хурсанд шуда ба пешвозатон ҳам рафта будам. Лекин баъди ин мақолаи навиштаатон Шумо барои ман дигар дар ин дунё вуҷуд надоред. Ман ҳатто номи мақолаи шуморо хона дилам аз Шумо сард шуд. Озодагон чоп кун, ки Устоди мо хонда фаҳмад, ки........................

Ба ин хоки Ватан рох додем , бо чиба ношукри мекна , Мусалмон ,ки нести чиба мусолмонода кордори "Аллохи бузург ахкамулхокимин аст "чазои бозор -магазина у медихад , У маргро андеша намекнад,

[Устот чи гуна худогӯиву худоҷӯии шоирони ҷавон хушатон намеомадааст, ки газалйти хоча Хофиз саропо хамма як нусхаи тарчумаи Куръон аст. Ё маснавии маънавии Мавлоно Ман чи гуям васфи ин оличаноб,
нес паёмбар вале дорад китоб.!! ??????

Без комментариев! шоирони газалсароро аз ту кимат медонам.

Худованд тра шармандаи ин дунё ва охират гардонад (омин)

Хаммор
Бозор Собир хамон нест магар, ки худро сартопо рус гуфтаву душанберо шахри чиркину шахри риш гуфта рафта, дар Амрико мемирам ва хатто чои гурашро хам муайян карда буд. имруз ки хона доданд вассофи сиёсату дигару дигар шуд. Хай Бозори чилру!!!!!!!!!!!!!!!!!
Вакте садруихои ин шоирро мебинам хайрон мешавам! Наход андешаи мард инкадар ноустувор бошад!

Суруш
Э бобои Собир, бовар кун, то имруз фикр мекардам, ки харчанд пир шудаи, вале аз ту ягон акида, пешниход ё шеъри хубе гирифтан мумкин бошад. Вале хайхот нисбати ту барин шоир албатта сухани нек гуфтан хайф аст. Ба рости як чанд шаъри хуб дори. Валекин туя чию газалиёти классикон Хофизу Саъди, Бедилу Чоми, Хилоливу Камол, Мавлоною Табрезия чи. Бовар кун ба нохуни пои онхо баробар нести. Ту оне ки нон хурда, кадри онро намедони, намакзадаи, маъзарат мехохам.
Барои сиёсат хама чоятро надех, медони тубаринхоро дар урфият чи мегуянд:..... Агар бо ин фикрат худро мансуб ба хукумати точикистон шумори мо хама медонем, ту дар замират, дар ниходат ин Хукуматро кабул надори, зеро харчанд забонат як чиро баён созад хам, вале калби ту ва ту баринхо мисли сиёхии ангиштони Назарайлоканд. Мардум бе суханони пучи ту хам аз ин Хукумат пуштибонанд. Бо чунин фикрхои ахмаконаи худ дар ниходи мардуми азияткашидаи ман тухми низову бадбиниро накош, байни мардуми мусулмон адоват накор зеро ин амалхои Ахримананд. Оё Бозор ИН Ахримани асри мо бошад? Худо накунад. Боз дар зери он кулохи маккорона чи фикру андешахои зишт нихон бошад.
Дон ки хас дар руи обу зери дарё гавхар аст.
Аз озодагон хохиш мекунам то ин матлабро нашр кунанд то ин "точики" америкои, ки аз интернет бохабар аст бихонад, то андеша кунад ва Худованд уро ба катори хитоятшудагон шомил созад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)