Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Хадамоти назорати роҳ: IRS ба гапи мо гӯш намекунад

24 июл 2013, 11:22

Муллошариф Одинаев, сардори Раёсати хадамоти назорати нақлиёт дар Суғд, мегӯяд, ширкати Иноватив Роуд Солшюнз (IRS) намегузорад, ки онҳо ҳаракати мошинҳои гаронвазн дар роҳи Душанбе-Чаноқро назорат кунанд.

Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, “дар вақти 25 дараҷа гарм будани ҳаво, аз соати 8-и субҳ то 20-и шом, мошинҳои гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард бояд ҳаракат накунанд.” Оқои Одинаев, ки дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд сӯҳбат мекард, афзуд, “аксари мошинҳои гаронвазн дар рӯзҳои гармӣ тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракат мекунанд, аммо ширкати IRS Хадамоти назорати давлатии нақлиётро намегузорад, ки санҷиш гузаронад.”

Муллошариф Одинаев мегӯяд, онҳо чанд бор хостаанд, бо намояндагии ширкати IRS, ки дар Суғд фаъолият дорад, ҳамкорӣ кунанд. Вале то ҳол посухи мусбат нагирифтаанд.

Манбаъ илова кард, ҳоло барои иҷро намудани қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон алъон дар панҷ дидбонгоҳи наздисарҳадии вилояти Суғд истгоҳҳо барои нақлиёти боркашони гаронвазн ташкил карда шудааст. Аммо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ чунин мавзеъ сохта нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Tojik

  • 24 июл 2013 11:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Agar ba gapaton gush namekunand lashkari se hazorai khudro ziddi onho firisted. Dar in kor az shumo tajribai khub ast.
Посух додан
  • РОХГУЗАР

  • 24 июл 2013 13:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Муллошариф Одинаев аз суханонатон маълумаст, ки худро хамчун масъулиятшинос ва фидоии шохрохи Душанбе-Хучанд-Чаноқ мепиндоред. Дар холе, ки худатон икрор аз он мешавед, ки намояндагии ширкати IRS "ХИРС", ки дар Суғд фаъолият дорад гуфтахои Шуморо ба инобат нагирифтааст. Ё худ намедонед, ки хар як намояндаги ва филиал дар болои худ рохбар дорад?. Ё худ намедонед, ки мошинхои гаронвазни аз в. Сугд ба ш. Душанбе сузишвори меоранд азони кист?. Ё худ намедонед, ки казову кадари ин шохрох бевосита аз тарафи рохбарияти болои шумо ва Ширкати ХИРС барвакт халли худро ёфтааст.
Посух додан
  • Точик

  • 24 июл 2013 14:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мулошариф мехохи ки баъди як хафта дах статя кати зиндонба рави ....хамин суханота як бори дигар такрор кун
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хахаха рост меги Точик, ин одама ачалаш расидас

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!