Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:57

Қотили марди 49-сола дар Хуҷанд ба даст афтод

18 сентябр 2013, 12:55

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, рӯзи 17-уми сентябр дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд дар манзили истиқоматӣ ҷасади Шавкатҷон Мадумарови 49-сола, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар Хуҷанд шаҳрванд Захарова Александра Вячеславовна, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳри Хуҷанд, ки доғи судӣ дорад, бо гумони даст доштан ба ин куштор дастгир карда шуд. “Номбурда аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо шаҳрванд Шавкатҷон Мадумаров як бор бо корди хоҷагӣ ба қафаси синааш задааст, ки дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”,-афзуд манбаъ.

Сарчашмаи хабар илова намуд, нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиш идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ш. Душанбе

  • 18 сентябр 2013 17:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фикр менамоям, ки ин мардуми Сугд бо худкушиву одамкуши дар китоби гиннес чой гирифтанианд. Вой бар холатон.
Посух додан
  • шакарбек

  • 18 сентябр 2013 19:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Онхоро ки ба ин хол расонд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ш. Душанбе,
Бародари азиз мардуми В сугд не тамоми мардуми кишварамон бо чунин андеша хастан сабаб дар он ки шуурноки мардумамон бехед баланд барои хамин
Посух додан
  • Jovid

  • 18 сентябр 2013 23:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ЭЭЭЭйй бародар ба мардуми Сугд мо чи кор дорем!! Мо мардуми Зарафшон (Айни, Масчох, Панчакент, Ягноб) норохат аз он хастам, ки як хамводии маро куштанд! Иншооллох мо мардуми Масчох ин авлоде, ки даст ба куштани хамводии ман задааст, бетараф буда наметавонем!!! МАРДМИ МАСЧОХ БЕДОР ШАВЕД!!!!
Посух додан
  • М.А

  • 19 сентябр 2013 21:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шермардони Мстчох хамеша бедоранд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ш. Душанбе,
Гиребони худатонро бибуед, касе ки мардуми Сугдро войбар холатон мегуед. Мо хам метавонем барои шумо посухидандоншикан дода бошему бароятон вайл бихохем. Гап сари Сугдиву Хатлони намеравад, чи хеле,ки русхо мегуянд: "Сумья без уродов не бывает".

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!