Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 23:25

Парлумон созишномаи муҳоҷират бо Русияро тасвиб кард

1 октябр 2013, 11:18

Парлумони Тоҷикистон, имрӯз, 1-уми октябр, созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро бо тарафдории 57 вакил ба тасвиб расонд.

Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ки созишномаро муаррифӣ мекард, изҳор дошт, ки тибқи ин созишнома муҳлати ҳузури беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон аз 7 то ба 15 рӯз тамдид мешавад, ки ба манфиати Тоҷикистон аст.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон бо зикри таҷрибаи кишварҳои дигари ИДМ ва барои Тоҷикистон манфиатовар будани ин созишнома, аз Девонаев суол кард, ки намешуд, муҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия аз 15 рӯз ҳам бештар кунем. Дар посух раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон изҳор дошт, ки ин 15 рӯзро ҳам Русия танҳо бо дахолат ва сиёсати президенти Тоҷикистон қоил шудааст. Девонаев гуфт, аксари шаҳрвандони кишварҳои ИДМ танҳо ҳафт рӯз ҳақ доранд, ки бе сабти расмӣ дар қаламрави Русия қарор дошта бошанд.

Ин дар ҳолест, ки шаҳрвандони Қирғизистон ҳақ доранд, то 60 рӯз бесабт дар Русия ҳузур дошта бошанд. Созишнома, ки яке аз тавофуқоти Путину Раҳмон, дар моҳи октябри соли 2012 буд, ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия сабукиҳо, аз ҷумла ҳақ медиҳад, ки давоми 15 рӯз бе қайд дар қаламрави Русия ҳузур дошта бошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абдуррахмон

  • 1 октябр 2013 11:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин 15 руз барои мухочирон бовар кунед хеч хубие надорад.Барои он ки ягон мухочир 15 руза ба Руссия намеояд ва вакти хуччаткуни аз рузи ворид шудан хисоб мекунанд ва ягон точик 15 руз сабр намекунаду рузи дуюм аз паси хуччатош мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикора берахмона вахшиёна мекушанд субхи имруз дар ютубе тамо кардам точика ба чи азоб мекушанд бесохиби бесохиби...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!