Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:45

“Сукут”-и Убайдуллоев ва номаи дигарбораи "норизоён"

19 октябр 2013, 09:34

Маҳмадсаид Убайдллоев, раиси шаҳри Душанбе, ба мактуби саҳмдорони бинои баландошёнае, ки сохтмонаш дар кӯчаи “Бохтар-46”, маркази Душанбе боздошта шудааст, посух надодааст.

Эраҷ Олимов,
ҳуқуқдони саҳмдорони бинои истиқоматии Бохтар-46, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки мактуби аввалини худро санаи 30-юми сентябр ба унвонии раиси шаҳри Душанбе фиристода то ҳол ҷавобашро нагирифтаанд: “Ҳафтаи сипаригардида боз ба унвонии раиси шаҳр як мактуби дигар фиристода шуд. Дар мактуб дарҷ намудем, ки то онҳо ба мо бигӯянд дар оянда чӣ кор кунем”.

Моҳи гузашта ҳудуди 150 саҳмдори бунёди манозили баландошёна дар кӯчаҳои Шотемур-25 ва Бохтар-46 бо ирсоли як нома ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, кӯмак хоста буданд.

Онҳо дар номаи худ навишта буданд, ки қатъи сохтмони ин биноҳо 175 оиларо, ки ба онҳо барои бунёди манозили баландошёна пул додаву ду сол боз бо умед интизори анҷомёбии онанд, нигарон сохтааст. “Мо бо меҳнати ҳалолу софдилона маблағ ба даст овардему ва амонатҳои тӯли даҳсолаҳо захиракардаи худро баҳри беҳбудӣ бахшидани шароити манзилии худ равона сохтем. Пеш аз пардохти маблағ ба сохтмончиён мо эътимод ҳосил намудем, ки сохтмон мутлақо қонунӣ, дар асоси қарорҳои ҳукумати Душанбе таҳти №518 аз 27-уми декабри соли 2011 ва №391-1 аз 11-уми августи соли 2011 анҷом дода мешавад”,-омадааст дар номаи саҳомон.

Эраҷ Олимов дар мусоҳибаи худ бо “Озодагон” афзуда буд, ки пеш аз оғози сохтмони биноҳо қарори раиси шаҳр, иҷозатномаи архитектура, хулосаи экспертизаи Оҷонсии сохтмон ва меъмориро гирифта, инчунин зиёда аз 13 мақомоти давлатӣ дар ҳуҷҷати онҳо муҳр гузоштаанд.

Аммо ду моҳ пештар Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Душанбе, дар доираи нақшаи генералии шаҳр, ки аз ҷониби муассисаи «Гипрогор»-и Маскав таҳия шудааст, қарор намуда буд, 36 бино аз маркази Душанбе бардошта шаванд. Тавре аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, дар доираи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ» 36 бино дар кӯчаҳои Рӯдакӣ, Бохтар, Руставели, Пушкин ва Теҳрон бардошта мешаванд ва сохтмони чанд бинои баландошёна, ки дар ҳоли анҷомёбиянд, боздошта шавад.

Шукур Мансуров, роҳбари бинои “Бохтар-46”, дар сӯҳбат бо мо гуфта буд, ки танҳо барои сохтмони 7 ошёнаи бинои “Бохтар-46” тақрибан 5 миллион доллар харҷ кардаанд. Ин бино аз сӯи ширкати туркии “Трас иншаат LTD” бунёд мешавад, ки тамоми маҳсулоти сохтмонӣ ва қисме аз сохтмончиёнаш ҳам аз Туркия оварда шудаанд.

Соҳибони бинои баландошёна дар кӯчаи “Бохтар-46” мегӯянд, қатъи сохтмони ин бино даҳҳо оиларо, ки ба онҳо барои бунёди манозили баландошёна пул додаву ду сол боз бо умед интизори анҷомёбии онанд, бехонаву дар хоҳад гузошт.
Шаҳрдорӣ дар қарори худ аз масъулин хоста буд, соҳибони биноҳои чаппашаванда огоҳ гарданд ва ҳаққи қонунии онҳо дар сатҳи зарурӣ ба онҳо дода шавад. Таъкиде, ки саҳомони биноҳо ба он бо як нобоварӣ менигаранд ва мегӯянд, аз эҳтимол дур аст, ки мақомот тамоми пули онҳоро баргардонанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • боло

  • 19 октябр 2013 22:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хонара чи кор мекуни убайдуллоев аз нав мефурушад. наклиёти шахрира бгу ягон вакте мешуда боша ки хаму убайдуллоев дар маршрутка гарда ки хар сахар хакорати ика мардума фахма ки мардум хар сахар раиси шахра чихелин хакоратои кабех мекунан хар руз садхо одамо

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!