Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:46

Вазири дифои қирғиз: Алимардонов телефонашро намебардорад

25 октябр 2013, 16:20

Токон Мамидов, ноиби сарвазир ва вазири мудофиаю амнияти сарҳадоти Қирғизистон, аз ташаннуҷ шудани вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳушдор дода, таъкид мекунад, ки ҳамтои тоҷикаш, ноиби сарвазир Муродалӣ Алимардон ду рӯз боз зангҳои телефонияшонро сарфи назар мекунад.

Мамитов дар суҳбат бо хабаргузориҳои қирғиз гуфтааст, рӯзи гузашта мулоқоти марзбонони тоҷику қирғиз сурат гирифтааст ва ҷониби Тоҷикистон изҳор доштааст, ки ният дорад, дар чоҳи баҳсбарангези “Ката Туз” истихроҷи нафтро аз сар гирад: “Сарфи назар аз он, ки ҷониби Қирғизистон мухолифати қатъияшро ба ин иқдом баён намуд, аллакай беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон даромада, талош намудаанд, истгоҳҳои газию насосиро ба даст оранд. Аммо нерӯҳои иловагии милиса, ки ба ҷои ҳодиса сафарбар шудаанд, аз ин кор ҷилавгирӣ намудаанд. Айни ҳол марзбонони тоҷику қирғиз дигарбора ба гуфтушунидҳо оғоз намудаанд.”

Мамитов мегӯяд, марзбонони тоҷик махсус дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ин вазъи муташанниҷро ба роҳ мондаанд ва мехоҳанд дӯстии миёни ин ду кишварро халалдор намоянд. Вазири мудофеаи Қирғизистон афзудааст, ки рӯзи дуюм боз талош дорад, бо Муродалӣ Алимардон, ноиби сарвазири Тоҷикистон дар тамос шавад, аммо ҳамтои тоҷикаш зангҳошонро сарфи назар карда, ҷавоб надода истодааст.

Токон Мамидов аз мақомоти Тоҷикистон даъват намудааст, ки масъулиятшинос бошанд ва рӯшан дарк кунанд, ки роҳандозии иқдоми мувофиқанашуда дар минтақаҳои наздисарҳадӣ метавонанд, пайомадҳои фоҷиабор дошта бошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Фира

  • 26 октябр 2013 11:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон! Дар давоми ду руз ханмин як макола чоп карди? Е ин ки шуморо хам Хукуматдорон тарсонидаанд)
Посух додан
  • Точикбача (1)

  • 26 октябр 2013 23:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
У Алимардон шояд, ки пулхояшро хисоб карда истода будааст, ки ба зангхо чавоб надодааст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!