Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:18

Таъсиси "Донишномаи электронии Тоҷикистон" ва кумакхоҳии муассисон

31 октябр 2013, 16:25

Як гуруҳ аз ҷавонони тоҷик мехоҳанд, “Донишномаи электронии Тоҷикистон”-ро дар шакли барномаи махсус ташкил кунанд. Дар ин донишнома маълумоти муфассал дар бораи Тоҷикистон, шаҳру навоҳӣ ва амокину манзараҳои зебои он бо аксҳояшон оварда мешавад.

Ин ҷавонон, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук гуруҳеро таҳти унвони “Донишномаи электронии Тоҷикистон” низ таъсис додаанд, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, ҳадаф аз ин иқдоми онҳо фароҳам намудани имконот барои дастрасӣ ба маълумот оид ба Тоҷикистон ва манзараҳои зебояш барои ҳар фарди ватандӯст, аз ҷумла донишомӯзону аспирантҳо ва сайёҳон мебошад.



Ба гуфтаи онҳо, “Донишномаи электронии Тоҷикистон” дар аввал ба шакли барномаи компютерӣ ё худ нармафзор сохта шуда, дар оянда дар шакли веббарнома ва ё сомона табдил дода мешавад. Муассисини донишномаи мазкур мегӯянд, ният доранд дар сурати комил шудани ин барнома, онро тариқи Вазорати маорифи кишвар ба тамоми донишомӯзони тоҷик тақсим кунанд.

Ин дар ҳолест, ки то кунун ягон манбаи комили иттилоъ дар бораи Тоҷикистон ва амокини таърихию зебоманзари он дар интернет вуҷуд надорад. Ҳар чанд дар бораи минтақа ва навоҳии Тоҷикистон дар бархе аз торнамоҳои расмии муаасисаву вазоратхонаҳои кишвар ва саҳифаи интернетии википедияи Тоҷикистон маълумот оварда шудааст. Вале мутаассифона маълумоти комил намебошад.

Шакли “Донишномаи электронии Тоҷикистон” дар шабакаи ҷаҳонии интернет мисли харитаи маъмурии Тоҷикистон мебошад, ки замони нишондиҳандаи мушакро болои он бурдан номи минтақа ё худ шаҳру ноҳияи дар зер ҷойгиршуда пайдо мешавад ва дар ҳолати пахши ном маълумот дар бораи он маҳал ба миён хоҳад омад. Ҳоло маълумот дар бораи 36 ноҳия, аз ҷумла тамоми навоҳии вилояти Суғд ба ғайр аз шаҳри Хуҷанд, ноҳияҳоии тобеи Марказ ва 11 ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварӣ шудаанд.

Муассисини ин донишнома мегӯянд, барои ҷолиб ва пурратар гардидани он ба акс ва маълумоти ҷолиб аз манотиқи мухталифи кишвар ниёз доранд. Онҳо таъкид менамоянд, ки ному насаби шахси кумаккунанда ҳатман дар ин донишнома зикр хоҳад шуд. Ҳар нафаре, ки кумаку ёрии хешро дареғ надошта, мехоҳад дар такмили ин донишнома саҳм дошта бошад, метавонад аксу маълумоти худро ба ин нишонӣ фиристад: “mirqurbon93@mail.ru”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!