Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:15

Бозгашти Муҳиддин Кабирӣ аз Туркия ба Тоҷикистон

11 ноябр 2013, 11:52

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) ва вакили парлумон, ки тақрибан ду ҳафтаи охир дар Туркия ба сар мебурд, ба Душанбе бозгаштааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи раиси парлумон, дар як сӯҳбати телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, оқои Кабирӣ субҳи душанбеи 11 ноябр дар ҷои кори худ ҳузур дошт. Муҳиддин Кабирӣ рӯзи 1 ноябр дар сӯҳбат бо “Озодагон” хабарҳо дар бораи гӯиё кӯч бастанаш ба Туркияро рад карда буд. Ӯ гуфта буд, бо истифода аз таътиле, ки парлумон барои намояндагони мардумӣ дар давраи таблиғи номзадҳо ба мақоми президентӣ додааст, танҳо чанд муддат дар назди фарзандонаш дар Туркия монда ва сипас ба Ватан боз мегардад.

Оқои Кабирӣ дар идома гуфт, ҳарчанд таҳсили фарзандонаш дар хориҷ ва сафарҳои доимии ӯ чизи нав нест, “вале матраҳ шудани ин мавзӯъ имрӯзҳо шояд дар заминаи баъзе фишорҳо болои ҳизб, парвандаи тӯлонии экологӣ дар маҳкама ва фишорҳои иқтисодӣ болои хешу табор ва наздикони мо ба вуҷуд омадаанд”. Вай илова кард, “албатта, дӯстдорони паҳн кардани овоза ҳам кам нестанд. Воқеият ин аст, ки рӯзҳои наздик ҳатман бармегардам ва ба фаъолияти рӯзмарраи худ мисли пешина давом хоҳам дод.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилшод

  • 11 ноябр 2013 12:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Мухиддин Кабири як бозигар аст. Чи фикр карден? Гумон карден аппазитсия аст. У вазифаашро анчомдода хаккашро аз хукумат гирифта рафта дар Туркия истирохат намуда омад. Мардуми точик хуб содаанд. Хама чиро бовар мекунанд. ХНИТ факат гуё ракиб аст, дар асл паси парда яканд. Ин фикри хомро аз хаёлатон дур куннед
Посух додан
  • Алишер

  • 11 ноябр 2013 13:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вой бархолат ту чи авлиёи ё аклат дар сарат нест у инчунин мард нест худованд умри устод Кабириро дароз гардона мо бо у фахр мекнем аз сухан ва бадбинии мисли тубарин одамон хато замин токат надорад ту гап задиву ман шарм кардам чунки трохам ба чои одам мехисобанд Дилшод

Хуш омади устоди азиз илохо 100сола гарди хок бар чашми онхоеки устод КАБИРИРО бад мебинан . МО ШОХИ ДАРАХТЕМ ПУРАЗ МЕВАИ ТАВХИД ХАР РАХГУЗАРЕ САНГ ЗАНАД ОР НАДОРЕМ!!!

Хуш омади устоди азиз илохо 100сола гарди хок бар чашми онхоеки устод КАБИРИРО бад мебинан . МО ШОХИ ДАРАХТЕМ ПУРАЗ МЕВАИ ТАВХИД ХАР РАХГУЗАРЕ САНГ ЗАНАД ОР НАДОРЕМ!!!
Посух додан
  • Беном

  • 11 ноябр 2013 15:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ту дигар чи фаъолият мебари 210 хазор имзо чамъ карда натавонисти
Посух додан
  • бандаи Худо

  • 11 ноябр 2013 16:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз ноумедих,о басе умед аст,
Поёни шаби сиёх, сафед аст!

Эй дуст сабур бош, ки Аллох, акбар аст!
Душман агар к,авист нигах,бон к,авитар аст!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Алишер,
Алишер,
Ман аз чоплусии ту Алишер шарм доштам. Ту бари чоплусхо дар чашми сардорон хок мепошенд, ки дигар хакикатро намебинанд.... мардум фикри худашро менависад. Биё чоплусиро ятараф монем Кабири донад,ки дар рафторхояш мардум чи фикр доранд..........
Посух додан
  • Дилшод

  • 11 ноябр 2013 21:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мегум Алишер туро Кабири ягон сум додай чи ки пуштиша мегири. У як бизнесмени бозигар аст. На кор ба динат дорад ва на ба холат. У дунболи сармояю пулу мол аст. Магар офтобро бо доман пушида мешавад? Бехтар мебуд ки инхо намебуданд ва ХНИТ низ сабаби таквият ёфтани тарафи дигар аст. То кай мардумро мефиребед?
Посух додан
  • изатуллох

  • 11 ноябр 2013 22:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуш омади устоди азиз: вокеан Точикистонро ман бе шумо торикистон мебинам ин аз руи хушомадгуи нест,зеро имруз у мансабе надорад ки ман барои он уро дуст дорам ва танхо барои худо уро дуст медорам.Худованд мувафакат бигардонад омин
Посух додан
  • tojik

  • 12 ноябр 2013 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
aeroportba taftishot chi xel guzashta boshada?shoyad badi savgand xurii janob malum shavad?
Посух додан
  • Карим

  • 12 ноябр 2013 11:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дилшоду беном чучахои ххдт шуморо чиву бог марди миллат Кабири чи? шумо чив чив карда гардед. уморо чи бо мардони Худову сиёсатмардон чи? Равед аз паи интихоботи пур аз таккалубу шармандаастон. миллатро шарманда кардед, боз бо мардони Худо даст дароз мекунед, такаллубкорони дурггу.
Посух додан
  • Jasur

  • 12 ноябр 2013 14:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Man digar hej chizro fahmida nametavonam dustoni aziz.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!