Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 03:17

Тақозои ифтитоҳи парванда алайҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод (ВИДЕО)

20 ноябр 2013, 15:59

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии Тоҷикистони нав, аз болои гуруҳи муфаттишони Оҷонсии зидди фасод ба Додситонии генералӣ шикоят бурда, талаб кардаанд, ки алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардад.

Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Зайд Саидов, имрӯз, 20-уми ноябр, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аризаашонро аллакай ба Додситонии кул супоридаанд. Вакилони дифои Зайд Саидов иддао доранд, ки гуруҳи муфаттишони Оҷонсии фасод, таҳти роҳбарии Фирӯз Холмуродов, зимни тафтишот алайҳи зерҳимояашон ба тақаллубкорӣ роҳ дода, ба додгоҳ ташхиси тақаллубии ДНК-ро пешниҳод намудаанд. Вакилони дифоъ мегӯянд, ташхиси дубораи ДНК-и нафари таҳти ҳимояташон дар Маскав нишон додааст, ки Саидов бо фарзанди зане, ки гӯиё мавриди таҷовузи ӯ қарор гирифтааст, ягон робитае надорад.

Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров, вакилони Зайд Саидов, рӯзи 19 август бо баргузории нишасти хабарӣ гуфтанд, ахиран Исҳоқ Табаров мӯи сари зерҳимояашонро гирифта, дар Маскав ташхиси дубора гузарондааст. Худи оқои Табаров гуфт, “ташхиси дубора низ монанди ташхиси аввала дар ҳамон ташхисгоҳи “Био Папа” гузаронда шуд ва падарии Зайд Саидовро комилан рад намуд.”

Ба иттилои вакилони Зайд Саидов, масъулини ташхисгоҳ изҳор доштаанд, ки дар хулосаи аввалаашон низ ба мақомоти Тоҷикистон падарии Зайдро комилан рад намуда буданд. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи вакилони мудофеъ, муфаттишони парвандаи Зайд Саидов аз номи “Био Папа” ба додгоҳ хулосаеро пешниҳод кардаанд, ки гӯиё падарии Зайдро ба фарзанди “ҷабрдида” тасдиқ мекунад.

Муфаттишони Оҷонсии зидди фасод алайҳи Зайд Саидов ду парвандаи ҷиноии марбут ба таҷовуз ба номусро боз намуда, таъкид намудаанд, ки яке аз ҷабрдидагон аз Зайд Саидов фарзанд дорад. Шуҳрат Қудратов мегӯяд, мурофиаи навбатии Зайд Саидов дар додгоҳ субҳи 21-уми ноябр дар назар аст.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • benom

  • 20 ноябр 2013 16:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
таки хочется кричать ПОЗОР следователям во весь мир, хотя они и так опозорились аз Худо тарсед, сколько можно??? вам и так никто неверил теперь уже совсем противно смотреть на вас
Посух додан
  • Мухаммад

  • 20 ноябр 2013 17:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом!
Ман фикр мекунам, ки кормандони хукумати пояшонро дониста гузоранд Хукумов хабарнигори ИмрузНюсро ба додгох кашид кори хуб накард, шаби аварияй писараш то субхи 9 октиябр тамоми мардуми ТЧ аз ин авария хабардор шуд хабарнигорон-ро хоб набурда буд хамон шаб ... муфатише, ки Шухрат Кудратовро зери латту куб карор дод акнун тамошо кунед чи гуна номатон сар сари забонхо мешавад ...
Посух додан
  • hisori

  • 20 ноябр 2013 22:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
in kino 10-sol davom mekunad.fakat foidaro advokaton mexurand.fakat dnk-a nest 10-jinoyati digar ham ast.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!