Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:20

Кумаки ҲНИТ ба 1000 кӯдаки ятиму бесарпараст дар Суғд

16 декабр 2013, 10:54

Дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тасмим гирифтааст, дар пайи як иқдоми хайриявӣ ба ятимон ва бепарасторони ин минтақа кумаки моддӣ расонад.

Илҳомҷон Ёқубов, раиси дафтари ҲНИТ дар Суғд, рӯзи 16 декабр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин аксия рӯзи сешанбеи 17 декабр баргузор шуда, ба хонаводаи 1000 нафар ятимону бепарасторон аз гӯшаву канори вилоят кумаки ғизоӣ карда мешавад.

Раиси дафтари ҲНИТ дар вилояти Суғд мегӯяд, зиёда аз 3 тонна орд, беш аз 1 тонна биринҷ, 1,5 тонна қанду шакар, 1 ҳазору 500 литр равған, чой, ширинӣ ва макарон ба ин ятимон тақсим ва ба манзилҳои зисташон расонда хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки ахиран ин бахши ҲНИТ низ гуфта буд, тасмим дорад, аз 100 донишҷӯи фаъоли вилояти Суғд қадрдонӣ кунад ва аз ҳукумати вилоят ва раҳбарияти Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд хост, то дар пайдо намудани як толор барои баргузории ин чорабинӣ ва тартиби номгӯи донишҷӯён кумак намоянд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар ба шумор рафта, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ ҳаст. Ба гуфтаи масъулини ҲНИТ, ин ҳизб беш аз 40 ҳазор узв дорад, ки ҳудуди 15 ҳазори он дар вилояти Суғд ба сар мебаранд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мохира

  • 16 декабр 2013 12:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Икдоми Оли дигар хизбхо хам ед гиранд аз ХНИТ
Посух додан
  • фаррух

  • 16 декабр 2013 12:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боракалло мувафакият ба шумхо
Посух додан
  • дустдори Ятим

  • 16 декабр 2013 12:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахмат ХНИТ кори олиро анчом медихед, Аллох бо шумоен аст.
Посух додан
  • Рафик

  • 16 декабр 2013 13:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Икдоми хеле хайрхохона. Холо мебинем баъди ин, ХХДТ низ «илхом» гирифта, «хайрхох» мешавад ва раванди кумакрасонихояшро тарики 4 шабакаи телевизиони реклама мекунад, чуночи кадр кардани варзишгарони аз Лондон баргаштаро аз ХНИТ омухт. Рахмат ба мутасадиёни ХНИТ, ки хизби хокимро барои хайр кардан тахрик медихад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар хос аз барои Худо бошад Худо кабулаш гардонад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!